Манбаъ: Ҷамшед Нурмаҳмадзода раиси Агентии омор ва Гулнора Ҳасан вазири меҳнат таъйин гардиданд

Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, раиси Агентии омори Тоҷикистон аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси пешини Бонки миллии Тоҷикистон, ки чанд сол пеш аз вазифа озод гардида буд, таъйин шудааст. Як манбаъ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, тағйирот имрӯз, 5-уми январ, ба амал омад ва Гулнора Кенҷа ба ҷойи Ширин Амонзода вазири меҳнат, […]

Asia-Plus

Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, раиси Агентии омори Тоҷикистон аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси пешини Бонки миллии Тоҷикистон, ки чанд сол пеш аз вазифа озод гардида буд, таъйин шудааст.

Як манбаъ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, тағйирот имрӯз, 5-уми январ, ба амал омад ва Гулнора Кенҷа ба ҷойи Ширин Амонзода вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъйин гардид.

Субҳи имрӯз як манбаъ аз вазорати меҳнат гуфта буд, ки Ширин Амонзода аз курсии вазирӣ озод шуд.

Ҳоло маълум нест ки Ширин Амонзода ба чӣ мансабе таъйин шудааст.

Қаблан, Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” хабарҳо дар бораи тағйироти кадриро тасдиқ кард, вале гуфт, “ҳоло расман фармонҳоро ба даст нагирифтем ва аз ин рӯ, мушаххасан чизе гуфта наметавонем”.

Ӯ иброз дошт, ки баъди зуҳри имрӯз фармонҳо дар хусуси тағйироти кадриро дастрас ва дар сомонаи расмии президент интишор менамоянд.

Гуфта мешавад, ки дар баробари Ширин Амонзодаву Гулнора Ҳасанзода, ҳамчунин чанд мансабдори дигар низ аз вазифа озод ва чандеи дигар ба вазифаҳои нав таъйин шудаанд.

Дар хусуси тағйироти кадрӣ тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.