Сафҳаи Солеҳ дар Твиттер баста шуд. Ӯ Амрикоро муқассири суқути низом дар Афғонистон гуфта буд

Амаруллоҳ Солеҳ, муовини раисҷмҳури фирории Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти ахири Майк Помпео, собиқ вазири хориҷаи Амрико гуфтааст, ки Ғанӣ мехост “сулҳи воқеӣ” биёяд, аммо “тасмими пинҳонии Амрико таҳвилдиҳии Афғонистон ба Покистон буд”. Муовини пешини раисҷумҳури фирорӣ дар шабакаи Твиттер бо “маккор” хондани Майк Помпео Амрикоро муқассири аслии суқути Афғонистон донистааст. “Амрико бо тасмими пинҳонӣ […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Амаруллоҳ Солеҳ, муовини раисҷмҳури фирории Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти ахири Майк Помпео, собиқ вазири хориҷаи Амрико гуфтааст, ки Ғанӣ мехост “сулҳи воқеӣ” биёяд, аммо “тасмими пинҳонии Амрико таҳвилдиҳии Афғонистон ба Покистон буд”.

Муовини пешини раисҷумҳури фирорӣ дар шабакаи Твиттер бо “маккор” хондани Майк Помпео Амрикоро муқассири аслии суқути Афғонистон донистааст.

“Амрико бо тасмими пинҳонӣ барои таҳвилдҳии Афғонистон ба Покистон, мехост барои ҷанги бузургтар дар Украина омода шавад”, – навиштааст Амруҳҳол Солеҳ.

Ӯ афзудааст, ки дар ҳошияи нишасти амниятии Мюнхен “ман ба ин маккор эҳтимолотро тавзеҳ додам ва ёздаҳ далел овардам, ки кишвари моро ба покистониҳо ва террористҳо медиҳед ва ин сулҳ намеовард”.

Ӯ бо интиқод аз амалкарди Амрико дар баробари Афғонистон навишт, ки “ин кишвар инсониятро ба хотири манофеъи стратегӣ зери по кард ва ҳоло осонтарин гурез ҳамин қиссаҳои беасос аст”.

Ин гуфтаҳои Амруллоҳ Солеҳ дар ҳолест, ки ба иттилои aamajnews24, собиқ вазири хориҷаи Амрико ба тозагӣ гуфтааст, ки Ашраф Ғанӣ интихоботро дуздида буд, вале худро раисҷумҳури интихобшуда мехонд. Ӯ афзудааст, ки ҳаргиз аз Ашраф Ғанӣ нахоста буд аз қудрат канор биравад. Аммо ба гуфтаи ӯ бо Ғанӣ ба “танг” омада буд.

Чаро Твиттери Амруллоҳ Солеҳ масдуд шуд?

Пас аз нашри ин гуфтаҳо Твиттери Амруллоҳ Солеҳ масдуд шуд. Масдуд шудани Твиттери муовини раисҷумҳури фирории Афғонистон дар ҳолест, ки тақрибан ҳамаи афроди ҳукумати сарпарасти Толибон* дар ин шабака бемамоният фаъолият мекунанд ва ҳатто нишонии кабуд низ доранд.

Бо гузашти як рӯз ва интиқодҳои шадиди ҷонибдорони Амруллоҳ Солеҳ Твиттер дубора саҳфаи ӯро боз кард.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.