Тафсилоти сӯхтори масҷид дар Ҳисор

Сабаби оташгирии масҷиди панҷвақтаи деҳаи Чаманистон дар шаҳри Ҳисор истифодабарии фарши гарм (теплый пол) будааст. Дар ин бора як манбаъ аз Сарраёсати Хадамоти оташнишонии ВКД ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Бинобар гуфтаи манбаъ, намозгузорон пас аз хондани намози хуфтан, барои гарм боқӣ мондани масҷид то намози бомдод фарши гармро аз барқ ҷудо накардаанд ва ин сабаби […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Сабаби оташгирии масҷиди панҷвақтаи деҳаи Чаманистон дар шаҳри Ҳисор истифодабарии фарши гарм (теплый пол) будааст. Дар ин бора як манбаъ аз Сарраёсати Хадамоти оташнишонии ВКД ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Бинобар гуфтаи манбаъ, намозгузорон пас аз хондани намози хуфтан, барои гарм боқӣ мондани масҷид то намози бомдод фарши гармро аз барқ ҷудо накардаанд ва ин сабаби сар задани сӯхтор шудааст.

“Дар бораи сӯхтори масҷид соати 23:30 дақиқаи шаби 17-уми январ ба Хадамоти оташнишонии шаҳри Ҳисор хабар расид. Кормандони Хадамоти оташнишонӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, сӯхторро ба душворӣ хомӯш карданд. Бинои масҷид қариб пурра ба коми оташ рафт”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ӯ таъкид кард, ки дар пайи ин ҳодиса касе зарар надидааст.

Манбаъ гуфт, ҳаҷми зарар ва масоҳати сӯхтор дар масҷиди панҷвақта муайян шудааст, вале аз ироаи маълумоти бештар худдорӣ намуд.

Бояд гуфт, қаблан аз ҳодисаи сӯхтори масҷид ва оқибатҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳо пахш гардида буданд. Ба гуфтаи муаллифони навор, ин масҷид пурра ба коми оташ рафт ва дубора обод кардани он ғайриимкон аст.

Маврид ба таъкид аст, ки масҷид дар оини дини ислом макони муқаддас ва “хонаи Худо” ба ҳисоб меравад ва ҳодисаи сӯхтори масҷид дар кишвар кам ба назар мерасад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар пайи сардиҳои ҳаво, дар кишвар ҳодисаи сухтор афзоиш ёфта, фавти одамон низ ба қайд гирифта шудаанд.

Аз ҷумла, 14-уми январ, дар манзили истиқоматии сокини Хуҷанди вилояти Суғд сӯхтор сар зад, ки дар пайи он як мӯйсафеди 70-сола фавтид. Ҳоло таҳқиқи ҳодиса ҷараён дорад, аммо масъулини идораи сӯхторхомӯшкунии вилояти Суғд сабаби асосии сӯхтор ва афзоиши онро сардиҳои дар ҷумҳурӣ ҳукмрон маънидод кардааст.

Ёдовар мешавем, ки аз 10-уми январ дар Тоҷикистон ҳавои сард ҳукмрон аст ва сокинон барои гарм кардани хонаҳову коргоҳи худ аз таҷҳизоти барқӣ истифода мекунанд ва ин боиси афзоиши ҳодисаи сӯхтор гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.