Тоҷикистон мавқеи худро дар Шохиси демократия беҳтар кард

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар “Шохис (индекс)-и демократия”-и The Economist Intelligence Unit барои соли 2022 миёни 167 давлат Тоҷикистон дар зинаи 156-ум қарор гирифт. Дар соли 2021 Тоҷикистон мақоми 157-умро ишғол карда буд.

Радабандии Democracy Index ҳамасола аз ҷониби ташкилоти таҳқиқотии бритониёии The Economist Intelligence Unit таҳия карда мешавад.

Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Қирғизистон мақоми 116-ум, Қазоқистон – 127-ум, Ӯзбекистон – 149-ум ва Туркманистон – 161-ро касб кардаанд.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 дар “Шохиси демократия” Ӯзбекистон байни 167 кишвар 1 зина боло рафта, арзёбии демократия дар кишвар 2,12 баллро ташкил медиҳад ва аллакай се сол инҷониб тағйир намеёбад.

Дар радабандии минтақавии Аврупои Шарқӣ миёни 28 давлат Ӯзбекистон дар зинаи 25-ум қарор дорад. Беларус, Тоҷикистон ва Турманистон дар зинаҳои охири радабандӣ ҷойгиранд.

“Дар минтақа то ҳол “демократияи комил” вуҷуд надорад: аз 28 кишвар 16-тоаш “демократияи нокомил” (давлатҳои шарқи узви Иттиҳоди Аврупо ва Балкани ғарбӣ), чаҳортоаш – “режими гибридӣ” (Арманистон, Босния ва Ҳерсеговина, Гурҷистон ва Украина) ва ҳашттоаш – "сохти худкома (режими авторитарӣ)" (Озарбойҷон, Беларус, Русия ва тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ) мебошанд”, – омадааст дар гузориш.

Тай чандин сол пайиҳам Норвегия (9,81 балл) дар садри радабандӣ қарор дорад.  Зеландияи Нав (9,61), Исландия (9,52), Шветсия (9,39) ва Финландия (9,29) низ дар панҷгонаи авваланд.

Дар зинаҳои охири радабандӣ Кореяи Шимолӣ (1,08), Мянма (0,74) ва Афғонистон (0,32) ҷойгир шудаанд.

Муаллифони гузориш 24 кишварро ба сафи кишварҳои демократияи комил шомил кардаанд, ки 8%-и аҳолии сайёра дар онҳо зиндагӣ мекунад. 48 кишвар бо 37,3%-и аҳолӣ – демократияи нокомил; 36 кишвар бо 17,9%-и аҳолии сайёра – сохт (режим)-и гибридӣ ва 59 давлат бо 36,9%-и аҳолии ҷаҳон – кишварҳои худкома арзёбӣ шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...