Кумитаи дин: “Китобҳои диниро ба арзишҳои миллӣ мувофиқ мекунем”

Абдураҳмон Ваҳобзода, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими кишвар тасмими мусодираи чанд адабиёти диниро дар мағозаҳои Душанбе муайян, ошкор ва пешгирӣ кардани адбиёти дорои хусуситяи ифротидошта дар кишвар маънидод кард. Ӯ, ки имрӯз, 3-юми феврал, дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард афзуд, соли 2022 як силсила санҷишҳо гузаронида шуд ва маълум гардид, ки […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Абдураҳмон Ваҳобзода, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими кишвар тасмими мусодираи чанд адабиёти диниро дар мағозаҳои Душанбе муайян, ошкор ва пешгирӣ кардани адбиёти дорои хусуситяи ифротидошта дар кишвар маънидод кард.

Ӯ, ки имрӯз, 3-юми феврал, дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард афзуд, соли 2022 як силсила санҷишҳо гузаронида шуд ва маълум гардид, ки мазмуну муҳтаво ва сифати аксари адабиётҳои динӣ дар мағозаҳои Душанбе ба талабот ҷавобгӯ нест.

Бояд гуфт, ки моҳи сентябри соли 2022 мақомот дӯконҳои фурӯши адабиёти диниро дар маркази шаҳри Душанбе бастаанд ва дар шарҳи он гуфта буданд, ки фурӯши ғайриқонунии китобҳои динӣ, нагузаштани асарҳо аз ташхиси диншиносӣ ва шикояти муаллифони китобҳоро аз сабабҳои аслии баста шудани дари дӯконҳои китоби динӣ дар Душанбе аст.

Ҳамакнун, Абдураҳмон Ваҳобзода мегӯяд, “китобҳои диниро ба арзишҳои миллӣ мувофиқ мекунем. Он қаҳрамонҳои бегонае, ки дар адабиёти динӣ буданд, мехоҳем бо қаҳрамонҳои худ иваз кунем. Баъд аз гузаштани экспертизаи динӣ адабиётҳо ба мағозаҳо бармегарданд”.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим бошад, гуфт, ҳолатҳое ҳаст, ки ноширон барои чопи як миқдори муайяншуда муроҷиат мекунанд, вале баъди гирифтани иҷозат ошкор мешавад, ки барзиёд нашр кардаанд.

“Шояд ин барои гурехтан аз андоз ва ё манфиати бештар ба даст овардан карда мешавад”, – гуфт Сулаймон Давлатзода.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ