Тоҷикистон мавқеи худро дар Шохиси демократия беҳтар кард

Дар “Шохис (индекс)-и демократия”-и The Economist Intelligence Unit барои соли 2022 миёни 167 давлат Тоҷикистон дар зинаи 156-ум қарор гирифт. Дар соли 2021 Тоҷикистон мақоми 157-умро ишғол карда буд. Радабандии Democracy Index ҳамасола аз ҷониби ташкилоти таҳқиқотии бритониёии The Economist Intelligence Unit таҳия карда мешавад. Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Қирғизистон мақоми 116-ум, Қазоқистон – […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар “Шохис (индекс)-и демократия”-и The Economist Intelligence Unit барои соли 2022 миёни 167 давлат Тоҷикистон дар зинаи 156-ум қарор гирифт. Дар соли 2021 Тоҷикистон мақоми 157-умро ишғол карда буд.

Радабандии Democracy Index ҳамасола аз ҷониби ташкилоти таҳқиқотии бритониёии The Economist Intelligence Unit таҳия карда мешавад.

Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Қирғизистон мақоми 116-ум, Қазоқистон – 127-ум, Ӯзбекистон – 149-ум ва Туркманистон – 161-ро касб кардаанд.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 дар “Шохиси демократия” Ӯзбекистон байни 167 кишвар 1 зина боло рафта, арзёбии демократия дар кишвар 2,12 баллро ташкил медиҳад ва аллакай се сол инҷониб тағйир намеёбад.

Дар радабандии минтақавии Аврупои Шарқӣ миёни 28 давлат Ӯзбекистон дар зинаи 25-ум қарор дорад. Беларус, Тоҷикистон ва Турманистон дар зинаҳои охири радабандӣ ҷойгиранд.

“Дар минтақа то ҳол “демократияи комил” вуҷуд надорад: аз 28 кишвар 16-тоаш “демократияи нокомил” (давлатҳои шарқи узви Иттиҳоди Аврупо ва Балкани ғарбӣ), чаҳортоаш – “режими гибридӣ” (Арманистон, Босния ва Ҳерсеговина, Гурҷистон ва Украина) ва ҳашттоаш – "сохти худкома (режими авторитарӣ)" (Озарбойҷон, Беларус, Русия ва тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ) мебошанд”, – омадааст дар гузориш.

Тай чандин сол пайиҳам Норвегия (9,81 балл) дар садри радабандӣ қарор дорад.  Зеландияи Нав (9,61), Исландия (9,52), Шветсия (9,39) ва Финландия (9,29) низ дар панҷгонаи авваланд.

Дар зинаҳои охири радабандӣ Кореяи Шимолӣ (1,08), Мянма (0,74) ва Афғонистон (0,32) ҷойгир шудаанд.

Муаллифони гузориш 24 кишварро ба сафи кишварҳои демократияи комил шомил кардаанд, ки 8%-и аҳолии сайёра дар онҳо зиндагӣ мекунад. 48 кишвар бо 37,3%-и аҳолӣ – демократияи нокомил; 36 кишвар бо 17,9%-и аҳолии сайёра – сохт (режим)-и гибридӣ ва 59 давлат бо 36,9%-и аҳолии ҷаҳон – кишварҳои худкома арзёбӣ шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ