Қирғизистон ба парвозҳои “Душанбе-Урумчӣ” тариқи ҳарими ҳавоияш ҳоло иҷозат надодааст

Сухангӯи авиатсияи граждании Қирғизистон Ирина Болбот гуфтааст, кишвараш ҳанӯз иҷозат надода, ки дар масири парвози Душанбе-Урумчӣ аз ҳарими ҳавоияш истифода шавад. Дар ин бора centralasian.org бо такя ба “Радио Свобода” хабар медиҳад. Ин расона аз қавли Болбот менависад, ҷониби Тоҷикистон барои истифодаи ҳарими ҳавоии Қирғизистон аз 8 феврал то 21 марти имсол дархост фиристодааст, вале […]

Asia-Plus

Сухангӯи авиатсияи граждании Қирғизистон Ирина Болбот гуфтааст, кишвараш ҳанӯз иҷозат надода, ки дар масири парвози Душанбе-Урумчӣ аз ҳарими ҳавоияш истифода шавад. Дар ин бора centralasian.org бо такя ба “Радио Свобода” хабар медиҳад.

Ин расона аз қавли Болбот менависад, ҷониби Тоҷикистон барои истифодаи ҳарими ҳавоии Қирғизистон аз 8 феврал то 21 марти имсол дархост фиристодааст, вале ҳанӯз посух дода нашудааст. Он дар ҳоли баррасӣ мебошад.

Абдуқосим Валиев, мудири умумии ширкати "Сомон Эйр", рӯзи 1-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфта буд, парвозҳо дар самти “Душанбе-Урумчи” ҳафтае ду бор анҷом мешавад. Ба гуфтаи ӯ, як парвоз аз тарафи "Сомон Эйр" ва як парвоз аз тарафи ширкати чинӣ анҷом мешавад.

Дилшод Сафарзода, роҳбари Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ дар ин нишаст гуфт, "яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҳалли худро наёфта истодааст, ин кушодани хати аэронавигатсионӣ байни Тоҷикистон ва Чин мебошад, ки бинобар сабаби набудани роҳи ҳавоӣ ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвари ҳамсоя парвозҳоро тавассути фазои ҳавоии Қирғизистон иҷро менамоянд".

Он замон Сафарзода дар посух ба суоли хабарнигорон гуфта буд, ки дар масъалаи истифода аз фазои ҳавоии Қирғизистон барои сафар ба Чин "ягон мушкилӣ нест" ва танҳо мехоҳанд бо кушодани хати нави ҳавоӣ, масирро кутоҳтар кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ