КҲФ аз хатари тармафароӣ ва сангреза огоҳ мекунад

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ мекунад, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ хатари зиёди фаромадани тармаву сангреза ва ярчу сел боқӣ мемонад.

Дар хабари Кумита зикр мешавад, ки чанд рӯзи оянда дар роҳҳои мошингарди  Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Лахш, Кӯлоб – Дарвоз,  Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб лағзиши тарма, резиши санг ва сел аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, соати 07:42 дақиқаи рӯзи 9 март дар километри 472-юми роҳи мошингарди Дарвоз – Ванҷ – Рӯшон, дар қаламрави деҳаи Шипати ҷамоати деҳоти ба номи М.Абдулвосиев (ВМКБ) сангреза ба қайд гирифта шуд.

Айни замон дар ин ҷо корҳои тозакунии роҳ ҷараён доранд. Талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст, зикр мегардад дар хабари Кумита.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад эҳтиёткор бошанд ва дар чунин рӯзҳои ҳассос аз рафтан ба шикоргоҳ, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум ва ғайра худдорӣ намоянд. Бахусус ба кӯдакон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онҳоро бе назорат нагузоранд.

Ронандагон пеш аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ аввал дар бораи вазъи роҳҳо аз манбаъҳои муътамад, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, БДА маълумот ба даст орнад. Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҷиддан қоидаҳои бехатариву амниятро риоя кунанд.

Кумита аз аҳолӣ дархост мекунад, ки ҳамаи ҷӯйбору наҳр, қубурҳои обпарто ва селроҳаҳои назди хонаҳояшонро тоза кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...