Боздошти се сокини вилояти Суғд барои интиқоли пули нақд

Мақомоти гумруки вилояти Суғд дар соли 2022 се нафарро барои интиқоли пули нақд бидуни барасмиятдарории гумрукӣ боздошт намудаанд. Зафар Маҳмадиев, сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд гуфт, нафарони боздоштшуда мехостанд миқдори калони асъори нақдро бе расмиёти гумрукӣ аз сарҳад гузаронанд. Ба иттилои ин масъули минтақаи гумрукии вилояти Суғд, нафари аввал Сайдулло Нуриллоев будааст, ки […]

Мақомоти гумруки вилояти Суғд дар соли 2022 се нафарро барои интиқоли пули нақд бидуни барасмиятдарории гумрукӣ боздошт намудаанд.

Зафар Маҳмадиев, сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд гуфт, нафарони боздоштшуда мехостанд миқдори калони асъори нақдро бе расмиёти гумрукӣ аз сарҳад гузаронанд.

Ба иттилои ин масъули минтақаи гумрукии вилояти Суғд, нафари аввал Сайдулло Нуриллоев будааст, ки мехостааст 27 ҳазор евроро ба таври сохтакорӣ аз кормандони гумрук пинҳон карда, аз сарҳад гузаронад.

Нафари дуюм Фурқатҷон Қулматов бошад, барои интиқоли ғайриқонунии 50 ҳазор доллари ИМА боздошт шудааст.

Амирҷони Воҳид ҳам барои ба таври сохтакорӣ аз кормандони гумрук пинҳон кардани 2 млн рубли русӣ боздошт шудааст.

“Айни ҳол нисбати ҳамаи боздоштшудагон бо моддаи 289-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст”, – иброз намуд Зафар Маҳмадиев.

Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷазоро дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ  сол муайян мекунад.

Чӣ қадар пули нақд ба Тоҷикистон ворид кардан ё аз он баровардан мумкин аст?

Бояд зикр намуд, ки ҳамасола нафарони зиёд барои интиқоли пули нақд бе тартиб додани расмиёти гумрукӣ боздошт мешаванд ва яке аз сабабҳои интиқоли ғайриқонунии пули нақд ин надонистани талаботи қонунгузории кишвар мебошад.

Мувофиқи Дастурамали №234 “Дар бораи тартиби ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани сарватҳои асъорӣ”, ворид намудани асъори нақд ба ҷумҳурӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ (резидентҳо ва ғайрирезидентҳо) бе маҳдудият, бо риоя намудани талаботи қонунгузории гумрукии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Талаботи ягона – анҷоми ҳатмии расмиёти эъломия зимни ворид кардани маблағи баробар ё зидтар аз 3 ҳазор доллари ИМА.

Аммо зимни баровардани пули нақд талабот бештар аст.

Мувофиқи ҳамин дастурамал аз Тоҷикистон ба берун аз ҳудуди кишвар баровардани асъори хориҷӣ тариқи зайл амалӣ мешавад:

а) шахсони воқеӣ – резидентҳо ва ғайрирезидентҳо 3 ҳазор долларро бе зикри маблағ дар эъломия бароварда метавонанд;

б) барои баровардани беш аз 3 ҳазор то 10 ҳазор доллар аз резидентҳои ҶТ пур кардани эъломияи хаттӣ бе пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ (тасдиқкунанда), ки ба баровардани асъори хориҷӣ аз Тоҷикистон имкон медиҳанд, талаб мешавад;

в) зимни баровардани маблағи беш аз 10 ҳазор доллар аз резидентҳои ҶТ ҳатман пур кардани эъломияи хаттӣ бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ, ки ба баровардани асъори хориҷӣ имкон медиҳанд, талаб мешавад;

г) берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ баровардани зиёда аз 3 ҳазор доллар аз ҷониби шахсони воқеӣ, ғайрирезидентҳо бо шарти пур кардани эъломияи хаттӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тсдиқкунанда амалӣ мешавад.

Дар хусуси тарзи собит кардани сарчашмаи пайдоиши сарватҳои асъорӣ аз матлаби зерин метавонед маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.