КҲФ аз хатари тармафароӣ ва сангреза огоҳ мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ мекунад, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ хатари зиёди фаромадани тармаву сангреза ва ярчу сел боқӣ мемонад. Дар хабари Кумита зикр мешавад, ки чанд рӯзи оянда дар роҳҳои мошингарди  Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Лахш, Кӯлоб – Дарвоз,  Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ мекунад, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ хатари зиёди фаромадани тармаву сангреза ва ярчу сел боқӣ мемонад.

Дар хабари Кумита зикр мешавад, ки чанд рӯзи оянда дар роҳҳои мошингарди  Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Лахш, Кӯлоб – Дарвоз,  Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб лағзиши тарма, резиши санг ва сел аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, соати 07:42 дақиқаи рӯзи 9 март дар километри 472-юми роҳи мошингарди Дарвоз – Ванҷ – Рӯшон, дар қаламрави деҳаи Шипати ҷамоати деҳоти ба номи М.Абдулвосиев (ВМКБ) сангреза ба қайд гирифта шуд.

Айни замон дар ин ҷо корҳои тозакунии роҳ ҷараён доранд. Талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст, зикр мегардад дар хабари Кумита.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад эҳтиёткор бошанд ва дар чунин рӯзҳои ҳассос аз рафтан ба шикоргоҳ, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум ва ғайра худдорӣ намоянд. Бахусус ба кӯдакон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онҳоро бе назорат нагузоранд.

Ронандагон пеш аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ аввал дар бораи вазъи роҳҳо аз манбаъҳои муътамад, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, БДА маълумот ба даст орнад. Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҷиддан қоидаҳои бехатариву амниятро риоя кунанд.

Кумита аз аҳолӣ дархост мекунад, ки ҳамаи ҷӯйбору наҳр, қубурҳои обпарто ва селроҳаҳои назди хонаҳояшонро тоза кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.