Дар Тоҷикистон заминларза рух дод

Имрӯз, 9-уми март, соати 06:37 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода. Зимнан зикр мегардад, ки тибқи маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза дар 366-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 90-километрии ғарби ноҳияи Мурғоби ВМКБ воқеъ будааст. Қувваи заминларза […]

Имрӯз, 9-уми март, соати 06:37 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Зимнан зикр мегардад, ки тибқи маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза дар 366-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 90-километрии ғарби ноҳияи Мурғоби ВМКБ воқеъ будааст.

Қувваи заминларза дар умқи 116,2 километр воқеъ буда, дар марказаш  4,5 балл ва дар ноҳияи Мурғоб 2 баллро ташкил додааст.

Бар асари заминларза талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд  гирифта нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки тайи ҳафтаҳои ахир дар Тоҷикистон даҳҳо заминларзаи хурд рух додааст, ки шиддати онҳо то 4-5 дараҷа гуфта шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.