Наздикони Хуршед Фозилов бо гузашти се шабонарӯз намедонанд, чаро ӯ боздошт шудааст

Asia-Plus

Бо гузашти қариб се шабонарӯз наздикони Хуршед Фозилов, рӯзноманигори тоҷик намедонанд, ӯ чаро дар бинои Идораи амнияти шаҳри Панҷакент қарор дорад ва касе ҳам ба онҳо шарҳ намедиҳад, ки сабаби боздошти ӯ чист.

Яке аз наздикони Хуршед Фозилов дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, масъуле аз шуъбаи амнияти шаҳри Панҷакент ваъда карда буд, ки шоми 8-уми март ӯро раҳо мекунанд, вале пас аз нисфирӯзии 8-уми март талаб карданд, ки телефону компютери шахсӣ ва либосашро барем.

“Як маротиба нишон доданд. Гуфтанд баёноташро гирифтем, ба ҳамааш иқрор шуд, вале мушаххас нагуфтанд, ки ба чӣ гуноҳе иқрор шудааст”, – гуфт яке аз наздиконаш дар суҳбат бо “Азия-Плюс”.

Азиза Нуъмонова, модари Хуршед Фозилов ҳам дар суҳбат бо “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки фарзандашро  дидааст, вале имкони суҳбат надоданд.

“Хуршедро дидам, аммо нагузоштанд суҳбат кунам. Намедонам чаро писарам дар боздошт аст, чун ҳеҷ кас шарҳ намедиҳад”, – гуфт Азиза Нуъмонова.

Айни ҳол наздикони рӯзноманигор дар пайи ҷустуҷӯи вакили дифоъ будаанд, зеро мехоҳанд адвокат бо истифода аз ваколат ба мақомоти қудратӣ муроҷиат кунад, то сабаби боздошти Хуршед Фозиловро шарҳ диҳанд.

Бо гузашти қариб се шабонарӯз, мақомот боздошти ӯро шарҳ намедиҳанд ва кӯшишҳои мо низ барои дарёфти шарҳи расмӣ беантиҷа анҷом ёфт.

Шуҳрат Анварзода, сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент рӯзи 7-уми март баъди шунидани суол дар бораи эҳтимоли боздошти Хуршед Фозилов гуфт, “ман ӯро намешиносам” ва гӯширо гузошт.

Тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон муҳлати бозпурсии гумонбаршуда аз лаҳзаи боздошт 48 соат буда, баъди он боздоштшуда ё бояд озод гардад ё нисбати ӯ расман айб эълон карда шавад. Ҳамчунин, тибқи талаботи конун нафари боздоштшуда, аз лаҳзаи боздошт ба вакили дифоъ дастрасӣ дошта бошад. 

Ёдовар мешавем, ки Хуршед Фозилов аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳо хабару гузориш менавишт ва пас аз нисфирӯзии 6-уми март, дар дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент аз сӯйи афроди ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд, дастгир ва ба сӯйи номаълум бурда шуд.

Чанд манбаъ, аз ҷумла кормандони Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Панҷакент, ки шоҳиди ҳодиса буданд, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, “Хуршед Фозиловро ду шахси номаълум аз дохили утоқ гирифта бурданд”.

Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, Хуршед Фозилов то моҳи январ тибқи шартнома дар доираи як лоиҳа бо онҳо ҳамкорӣ мекард ва 6 –уми март барои хабаргирии ҳамкорони пешинаш рафта буд.

“Субҳи 7-уми март боз чаҳор нафари дигар бо либоси мулкӣ омада, компютереро, ки ӯ кор мекард, гирифта бурданд. Сабаб ва макони боздошти Хуршедро пурсидем, чизе нагуфтанд”, – гуфт як манбаъи мо аз ин идора.

Наздикони журналист гуфта буданд, баъди парсуҷӯ маълум кардаанд, ки ӯ дар идораи амнияти шаҳр аст ва масъулини он ваъда карда буданд, ки баъди бозпурсӣ ҷавоб медиҳанд. Вале тавре дида мешавад, ӯ то ҳол дар бинои ин идора аст ва маълум нест, ки ба наздикӣ озод мекунанд ва ё ӯ бо кадом ҷурме гумонбар аст.

Хуршед Фозилов, ки 37 сол дорад ва соҳиби 3 фарзанд аст, бештар бо расонаҳои мустақили марказӣ ҳамкорӣ дошт ва дар мавзуъҳои иҷтимоӣ аз минтақаи Зарафшон маводу гузориш таҳия мекард.

Ӯро чанд сол пеш, ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар, дар яке аз барномаҳои телевизони Тоҷикистон ҳамчун ҳамкори сомонаи хабарии “Ахбор.ком” (фаъолиташ дар Тоҷикистон манъ шудааст) нишон дода буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...