“Аз 72 ба 48 соат”: акнун мақомот гумонбарро танҳо ду шабонарӯз боздошт мекунанд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Тибқи тағйироти ахир дар қонунгузории Тоҷикистон замони бозпурсии гумонбаршуда аз лаҳзаи боздошт аз 72 соати қаблан пешбинишуда ба 48 соат кам карда мешавад. Дар ин бора муовини Додситони кулли Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода дар ҳузури вакилони парлумон хабар дод.

Номбурда, ки лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистонро дар ҷаласаи дирӯзаи парлумон муаррифӣ мекард гуфт, ҳоло кодекси мазкур муқарар кардааст, ки шахсро аз лаҳзаи боздошт бояд дар давоми на бештар аз 72 бозпурсӣ кунанд.

– Дар лоиҳаи пешбинишуда шахси гумонбаршуда набояд аз 48 соат зиёд бозпурсӣ карда шавад, – гуфт Рофизода.

Гап сари он аст, ки бар асоси қонунгузории ҷории Тоҷикистон боздошти шахс бо асосҳои ҷойдошта ба муҳлати зиёда аз 72 соат мумкин нест. Бо гузашти 72 соат дастгиршуда бояд раҳо шавад, ё нисбаташ чораи дигари пешгирӣ татбиқ гардад. Акнун ин муҳлат аз 72 соат ба 48 соат кам карда шуд.

Рофизода Мирзоамон ҳамчунин, гуфт, муҳлати бозпурсии ноболиғон аз лаҳзаи боздошт аз 24 соати муқараршуда ба 12 соат кам карда шуд.

Ӯ ин тасмимро ба осебпазир будани ноболиғон ва таъмини босамари ҳуқуқу манфиатҳои  қонуни кӯдакон маънидод кард.

– Тибқи муқаррароти Кодекси амалкунандаи мазкур маҳдудияти зарурии давомнокии пурсиши ҷабрдидаи нобилиғ ба синну соли онҳо пешбинӣ нашудааст. Аз ин рӯ, дар лоиҳаи пешбинишуда маҳдудиятҳо вобаста ба давмнокии пурсишҳои ҷабрдида аз рӯи синну сол – то 7, 14, 16 ва аз 16 то 18-сола пешбинӣ карда шуд, – шарҳ дод муовини Додситони кул.

Ҳамчунин, вакили парлумон Раъно Бобоҷониён дар шарҳи лоиҳаи тағйиру иловаҳои мазкур гуфт, он барои ба инобат гирифтани ҳуқуқи ноболиғон ва таъмини босамари манифтаҳои қонунии онҳо пешбиниӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...