Оғози парвози мустақим аз Душанбе ва Хуҷанд ба Ҷиддаи Арабистони Саудӣ

Имрӯз, 9-уми март, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аввалин парвози мустақимро аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти ширкати мазкур. Тибқи иттилои ин ширкат, парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе ва Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд оғоз ба роҳ монда мешавад. “Шурӯъ аз санаи 9-уми март парвозҳо аз Душанбе ба шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳар ҳафта […]

Имрӯз, 9-уми март, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аввалин парвози мустақимро аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти ширкати мазкур.

Тибқи иттилои ин ширкат, парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе ва Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд оғоз ба роҳ монда мешавад.

“Шурӯъ аз санаи 9-уми март парвозҳо аз Душанбе ба шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе амалӣ мегарданд. Вақти парвоз аз Душанбе дар рӯзҳои панҷшанбе – 14:30, аз Ҷидда – 19:30, рӯзҳои якшанбе аз Душанбе 22:30, аз Ҷидда – 04:00 (субҳи душанбе) ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудаанд. Аз фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд парвозҳо ба самти Ҷидда рӯзҳои сешанбе соати 21:00 ва аз фурудгоҳи Ҷидда самти Хуҷанд соати 02:00 (шаби чоршанбе) сурат мегиранд”, – таъкид мекардад дар хабари Хадамоти матбуоти ширкат.

Зикр мегардад, ки давомнокии парвоз аз Тоҷикистон ба самти шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 5 соату 15 дақиқа, дар бозгашт 4 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад.

Парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 сурат мегиранд.

Дар айни замон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат мебошад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.