Телевизиони Хатлон ба пахши рақамӣ гузашт

Маҳмадалӣ Азизов, рӯзноманигори шаҳрвандии "Asia-Plus"

Телевизиони вилояти Хатлон дар Рӯзи матбуоти тоҷик ба пахши рақамӣ гузашт. Ҳамчунин, дар ин рӯз бо иштироки раиси вилоят студияҳои замонавӣ барои бахши барномаҳои телевизион мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 11-уми марти соли ҷорӣ дар маркази маъмурии  вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар “Рӯзи матбуоти тоҷик” таҷлил гардид.

Ин бор рӯзноманигорони вилоятро раиси вилоят Давлаталӣ Саид сазовор табрик намуд. Ӯ студияҳои муосири сабти барномаҳои Телевизионӣ Хатлонро ифтитоҳ кард.

Студияи мазкур  барои сабти барномаҳои сиёсии фарҳангӣ пешбинӣ гаштааст.

Ҳамчунин, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба пахши рақамии барномаҳои телевизиони вилоятии “Хатлон” оғоз бахшида, ин дастовардро ба аҳли эҷод таҳният гуфт.

Гуфта шуд, ки телевизиони “Хатлон” пахши рақамии барномаҳои худро бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  ва талошу заҳматҳои роҳбарияти идора Соҳибназари Муҳаммад Ғоиб роҳандозӣ кардааст.

Телевизиони Хатлон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таъсис ёфта, дар фазои иттилоотии кишвар, барои барқарории сохти конститутсионӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини амнияти миллӣ, сулҳу осоиштагӣ ва инъикоси рушди иҷтимоию иқтисодии вилояту ҷумҳурӣ нақши бориз гузоштааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...