Дар Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд

Дар Душанбе имрӯз вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону ва Қирғизистон оид ба таъйин аломатгузории сарҳад ба охир расид. Ёдрас мекунем, ки гурӯҳҳо корро аз 10 март оғоз карда буданд. Тавре ки АКИпресс бо истинод ба хадамоти матбуоти Девони вазирони Қирғизистон хабар медиҳад, аз рӯи натиҷаҳои вохӯрии мазкур протоколи дахлдор ба имзо расидааст. […]

Asia-Plus

Дар Душанбе имрӯз вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону ва Қирғизистон оид ба таъйин аломатгузории сарҳад ба охир расид.

Ёдрас мекунем, ки гурӯҳҳо корро аз 10 март оғоз карда буданд.

Тавре ки АКИпресс бо истинод ба хадамоти матбуоти Девони вазирони Қирғизистон хабар медиҳад, аз рӯи натиҷаҳои вохӯрии мазкур протоколи дахлдор ба имзо расидааст.

Дар бораи дигар ҷузъиёти вохӯрӣ маълумот дода намешавад. Танҳо гуфта мешавад, вохӯрии навбатӣ дар қаламрави Қирғизистон доир мегардад.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти ТАСС, ба ҳайати гурӯҳи кории Қирғизистон дар вохӯрии мазкур таҳти сарварии намояндаи махсуси ҳукумат оид ба масоили марзӣ Назирбек Борубаев 15 нафар шомил буданд.

Ахиран ин вохӯрии 8-уми ҷонибҳо буда, қаблан Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода изҳор дошта буд, ки дар соли 2022 дар доираи кори комиссияи байниҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатӣ гурӯҳҳои корӣ бо намояндагони Қирғизистон 7 ҷаласа баргузор намуданд.

Бо ишора ба тавофуқи дуҷониба дар бораи ифшо накардани маълумот то анҷоми гуфтушунидҳо, ҳар ду тараф аз натиҷаҳои ҳосилшуда ин ҷаласаҳо маълумот намедиҳанд.

Моҳи декабри соли 2022 пас аз вохӯрии ҳайатҳо дар Ботканд зикр шуд, ки ҷонибҳо тавсифи лоиҳавии гузариши хатти сарҳади давлатиро ба масофаи 17,66 км иҷро намуда, ҷиҳати идомаи корҳо Нақша-ҷадвали вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа карданд.

Масофаи сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил дода, расмиёти таъйин ва аломатгузории он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) то ҳол анҷом наёфтаанд. Аз 970 километр то имрӯз 460 километри он таъйину аломатгузорӣ шудааст. Бинобар ин, дар қитъаҳои ҷудогонаи марз муноқишаҳо ба амал омада, ба хисороти молӣ ва талафоти ҷонӣ боис мегарданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 170 млн доллар кам шуд

Мақомот то охири соли боз ду баробар коҳиш додани онро ба нақша гирифта, лекин ният доранд, ки қарзҳои бештар бузург ҷалб созанд.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.