“Фурсати донистан”: Тартиби беэътибор донистани санади ҳуқуқии маъмури чӣ гуна аст?

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи тартиби беэътибор донистани санади ҳуқуқии маъмуриро баррасӣ карданд. Дар кадом мавридҳо санади маъмури  беэътибор дониста мешавад?       Дар моддаи 22 […]

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем.

Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи тартиби беэътибор донистани санади ҳуқуқии маъмуриро баррасӣ карданд.

Дар кадом мавридҳо санади маъмури  беэътибор дониста мешавад?

      Дар моддаи 22 Кодекси расмиёти маъмурӣ оид ба асосҳои беэътибор донистани санади маъмурӣ меъёри ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст. Мувофиқи меъёри ҳуқуқии номбурда, санади  маъмури тибқи тартибе, ки барои қабули санади  маъмури муқаррар гардидааст, беэътибор дониста мешавад. Асосҳои умумии беэътибор донистани санади маъмурӣ инҳо мебошанд:

-агар санади маъмури аз xониби мақомоти маъмурии ваколатдорнабуда қабул шуда бошад;

-агар иxрои санади маъмури боиси ҳуқуқвайронкуни гардад;

-агар иxрои санади маъмури бинобар ҳолатҳои пешбининашавандае, ки ба иродаи тарафҳо вобаста намебошанд, ғайриимкон бошад;

-агар санади маъмури  хилофи қонун бошад;

-талаботе, ки қонун нисбати гаҳия ё қабули санади маъмури муқаррар намудааст, xидди вайрон карда шуда бошад.

Кадом мақомоти давлатӣ салоҳияти беэътибор донистани санади маъмуриро дорад?

Мувофиқи талаботи қонуни номбурда қонун, санади  маъмури аз ҷониби мақомоти маъмурие, ки онро қабул кардааст, мақомоти маъмурии болои ё суд беэътибор дониста мешавад. Чун қоида, баҳсҳо оиди беэътибор донистани санади маъмурӣ аз ҷониби суд баррасӣ карда мешавад.

Оқибатҳои беэътибор донистани санади маъмурӣ дар Кодекси расмиёти маъмури пешбини гардидааст ё не?

Дар моддаи 22 Кодекси расмиёти маъмурӣ дар бораи оқибатҳои беэътибор донистани санади маъмури меъёри ҳуқукӣ пешбинӣ шудааст. Чун қоида, беэътибор донлстани санади ҳуқуқии маъмури маънои онро дорад, ки оқибатҳои ҳуқуқии баъди эътибор пайдо кардани он бавуxудомада бекор карда мешаванд.

Дар сурати беэътибор донистани санади ҳуқуқии маъмури шахс ҳақ дорад баргардонидани маблағи ба фоидаи мақомоти маъмури пардохтааш ё дигар молу мулки додаашро талаб кунад ва дар сурати ғайриимкон будани баргардонидани ин маблағ ва молу мулк бояд пурра xуброн карда шавад.

Агар санади  маъмурие, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсро вайрон мекунад, беэътибор дониста шуда бошад, ба тарафи манфиатдор бояд зарари моддие, ки дар натиxаи беэътибор донистани санади маъмури ба он расонида шудааст, xуброн карда шавад. Агар шахс дар асоси санади ҳуқуқии маъмурии беэътибор донисташуда ягон молу мулки гирифта бошад, e вазифадор аст онро баргардонад.

Кадом мақомот ҳуқуқ дорад, ки санади маъмуриро аз эътибор соқит донад?

Дар моддаи 23 Кодекси расмиёти маъмурӣ дар бораи  аз эътибор соқит донистани санади маъмури меъёри ҳуқукӣ пешбинӣ шудааст. Санади ҳуқуқии маъмури аз xониби мақомоти маъмурие, ки онро қабул кардааст, аз эътибор соқит дониста мешавад.

Санади  маъмури тибқи тартибе, ки барои қабули санади маъмури муқаррар гардидааст, аз эътибор соқит дониста мешавад. Аз эътибор соқит донистани санади ҳуқуқии маъмури боиси бекор кардани оқибатҳои ҳуқуқие намегардад, ки то аз эътибор соқит донистани он ба вуxуд омадаанд!

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.