Муллораҷаб Халифаев ва Наврӯзи Каримзод соҳиби “Ҷоми шаҳрдори Душанбе” шуданд

Дирӯз, 19-уми март, дар Душанбе мусобиқаи 4-уми байналмилалии куштии миллӣ барои дарёфти “Ҷоми шаҳрдори Душанбе” бо ширкати паҳлавонон аз 30 кишвари ҷаҳон баргузор шуд. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз рӯйи 5 вазн, аз ҷумла 65 кг, 71 кг, 78 кг, 86 кг ва беш аз 86 кг рақобат карданд. Дар ин мусобиқа дар вазни 65 […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дирӯз, 19-уми март, дар Душанбе мусобиқаи 4-уми байналмилалии куштии миллӣ барои дарёфти “Ҷоми шаҳрдори Душанбе” бо ширкати паҳлавонон аз 30 кишвари ҷаҳон баргузор шуд.

Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз рӯйи 5 вазн, аз ҷумла 65 кг, 71 кг, 78 кг, 86 кг ва беш аз 86 кг рақобат карданд.

Дар ин мусобиқа дар вазни 65 кг Муллораҷаб Халифаев  ва дар вазни 71 кг Наврӯзи Каримзод, ду паҳлавони тоҷик, барандаи нишони тиллоӣ шуданд.

Дар вазни 78 кг паҳлавон аз Ӯзбекистон Аслонбек Тоҷиев мақоми аввалро касб карда, нишони тилло гирифт. Паҳлавони эронӣ Масъуд Қавибозу бошад, барандаи нишони тиллоӣ дар вазни 86 кг шуд.

Дар баробари ин, паҳлавони дигар аз Ӯзбекистон Муҳаммадкарим Хуррамов бошад, барандаи нишони тиллоӣ дар вазни беш аз 86 килои мусобиқа шуд.

Бояд гуфт, ки ғолибони ин мусобиқаи байналмилалӣ барои касби ҷойи якум бо 10 000 доллар, ҷойи дуюм 7 000 доллар ва ҷойҳои сеюм 3 000 доллар мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки куштии миллӣ яке аз навъҳои маъмули бозиҳои варзишии мардуми Тоҷикистон буда, ҳамасола дар доираи баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз ин мусобиқа дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ин кишвар бо иштироки варзишгарони дохилӣ ва хориҷӣ баргузор мешавад. Аз сӯйи дигар, қобили тазаккур аст, ки ахиран куштии миллии тоҷикӣ (куштигирӣ) мақоми байналмилалӣ гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.