“Корманди Марказ ҳам бошанд, бовар накунед!” Маркази миллии тестӣ аз фаъолияти қаллобон ҳушдор дод

Маркази миллии тестӣ (ММТ) аз аҳолӣ даъват кардааст, ба миёнаравҳо ё қаллобоне, ки бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ваъдаи дохил кардани довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои кишвар медиҳанд, бовар накунанд. Ин ниҳод бо нашри як муроҷиатномаи махсус гуфтааст, ки “натиҷаҳои кори қариб даҳсолаи Марказ собит сохтааст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Маркази миллии тестӣ (ММТ) аз аҳолӣ даъват кардааст, ба миёнаравҳо ё қаллобоне, ки бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ваъдаи дохил кардани довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои кишвар медиҳанд, бовар накунанд.

Ин ниҳод бо нашри як муроҷиатномаи махсус гуфтааст, ки “натиҷаҳои кори қариб даҳсолаи Марказ собит сохтааст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ягон таъсир расонида наметавонад”.

ММТ гуфтааст, бо вуҷуди ин, эҳтимоли рух додани “амалҳои ғаразноку қаллобона ва авомфиребию ваъдаҳои бардурӯғ” аз ҷониби баъзе шахсон ҷиҳати дохил кардани довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ мавҷуд аст. 

“Ҳаргиз набояд ба гапи қаллобоне, ки бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт баъзе довталабон ва падару модари онҳоро фиреб дода, ба онҳо ваъдаи кумак карданро барои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо медиҳанд, фирефта шуд”, – омадааст дар иттилоияи марказ.

Ин ниҳод барои пешгирӣ аз амалҳои қаллобии марбут ба имтиҳонҳо ва паҳн шудани фикру андешаи беасос нисбат ба фаъолияти ММТ аз сокинон даъват кардааст, ки “ба қаллобоне, ки бо ниятҳои нопок шумо ва ё ҳар каси дигареро бовар кунонданӣ мешаванд… ҳатто агар онҳо, воқеан, корманди Марказ ҳам бошанд, ҳаргиз бовар накунед! Чунин қавлу ваъдаҳо ба ҷуз фиреби маҳз дигар чизе буда наметавонад!”

Масъулини ин марказ аз довталабон ва ҳамаи алоқамандони низоми имтиҳонсупорӣ даъват кардаанд, ки барои шаффофу одилона баргузор гаштани имтиҳонҳо саҳм гузоранд ва дар ҳолати дучор шудан бо шахсоне, ки ба амалҳои номатлуб даст мезананд ё барои ин мақсад мекӯшанд, бетараф набошанд ва бо телефонҳои 224-53-68 ё 224-53-66 ба марказ муроҷиат кунад ва онҳо тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.