Дар 2 деҳаи ҷануби Тоҷикистон шабона сел омад

Бар асари боришоти шадиди шаби гузашта дар дар деҳаҳои Селга ва Пахтакори ҷамоати деҳоти Сайфиддин Кабудии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сел омад. Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар натиҷа таҳхонаву қитъаҳои замини наздиҳавлигии сокинон ва заминҳои корами ҷамоати мазкур зери об мондааст. “Бо мақсади таъмини амният аз ҷониби Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Бар асари боришоти шадиди шаби гузашта дар дар деҳаҳои Селга ва Пахтакори ҷамоати деҳоти Сайфиддин Кабудии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сел омад.

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар натиҷа таҳхонаву қитъаҳои замини наздиҳавлигии сокинон ва заминҳои корами ҷамоати мазкур зери об мондааст.

“Бо мақсади таъмини амният аз ҷониби Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Панҷ 15 оила, ки хонаҳояшон дар минтақаи селпарто қарор доранд, муваққатан ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ гурӯҳи корӣ бо сардории муовини раиси кумита генерал-майор С. Исозода ба ноҳияи Панҷ рафтааст.

Барои расонидани кумак ба осебдидагон ва ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои сел ба маҳал неру ва воситаҳои зарурӣ сафарбар карда шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир корҳои барқарорсозӣ оғоз шудааст.  Барои муайян кардани хисорот комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Панҷ ба кор шурӯъ кардааст.

Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.

КҲФ хотиррасон мекунад, ки дар кишвар хатари тармафароӣ боқӣ монда, бори дигар боисрор аз аҳолӣ дархост мешавад, ки мувофиқи имкон аз сафару сайругашт ба кӯҳҳо, ҷамъоварии занбӯруғу растаниҳои доруворӣ, моҳидориву шикор худдорӣ варзанд ва қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон рӯзи 2 апрел ҳангоми ҷамъоварии занбӯруғ кӯдаки 10-сола ҳалок шуд: ӯ бо дӯстонаш барои ҷамъоварии занбӯруғ ба кӯҳ баромадааст.

“Ӯ ҳангоми гузаштан аз дарёчаи Питов ғеҷида, ба об афтидааст”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумита.

Пас аз корҳои ҷустуҷӯ ҷасади ӯ дар 50 метр поинтар аз ҷойи ҳодиса дарёфт шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.