Баъзе тафсилоти сафари Илҳом Алиев ба Тоҷикистон маълум шуд

Субҳи рӯзи 5 апрел президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон. Зикр шуд, ки дар доираи сафар ӯ бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид анҷом дода, ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Сарони кишварҳо нахуст бо […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Субҳи рӯзи 5 апрел президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

Зикр шуд, ки дар доираи сафар ӯ бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид анҷом дода, ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Сарони кишварҳо нахуст бо ҳамдигар вохӯрда, сипас ҳайатҳои ҳар ду кишвар ба онҳо ҳамроҳ мешаванд.

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид имзои як қатор санадҳои ҳамкории дуҷониба дар назар аст.

Пас аз анҷоми гуфтушунидҳо сарони кишварҳо бо изҳороти муштарак барои ВАО суханронӣ мекунанд.

Шоми ҳамин рӯз Илҳом Алиев ба Озарбойҷон бармегардад.

Имрӯз дар остонаи сафари президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон, дар Душанбе форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон ба кор шурӯъ мекунад.

Дар Форуми мазкур беш аз 150 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, хӯрокворӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо иштирок менамоянд.

Ҳамзамон, дар доираи чорабинии мазкур байни субъектҳои бахши давлатию хусусии ду давлат санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ,  дар соли 2022 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон 6,2 млн долларро ташкил додааст, ки ба 0,1% аз ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот баробар аст.

Ҳудуди 95% аз ҳаҷми умумии савдои дуҷониба ба воридоти молу маҳсулот аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон рост меояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио