Як муҳоҷири тоҷикро барои 100 сол аз Русия рондаанд

Asia-Plus

Мақомоти Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро "барои вайрон кардани қоидаи будубош" ба муддати 100 сол аз Русия рондаанд. Нусхаи қарори ихроҷи Алиҷон Раҳмоновро ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Каримҷон Ёров нашр кард.

Бар асоси он, ин муҳоҷири 26 – солаи тоҷик тоҷик аз 3-юми апрели соли 2023 то 2123 ҳаққи даромаданро ба Русия надорад.

Назари мақомоти Русия маълум нест. Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, гуфт, “Алиҷонро танҳо барои нақзи қоидаҳои будубош дар Русия гунаҳкор кардаанд.”

“Дар гузашта як ҷавони дигари тоҷикро барои 99 сол аз Русия ронда буданд, вале бори аввал шоҳиди як аср ихроҷ шудани муҳоҷир аз Русия мешавем,” – афзуд ӯ.

Ин ҳомии ҳуқуқ гуфт, чунин тасмимҳоро баъзе аз мақомдорони рус замоне мегиранд, ки “муҳоҷирон барои дифоъ аз ҳуқуқи худ пойфишорӣ мекунанд”.

Дар чанд соли охир беш аз 200 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ронда шудаанд. Маъмулан муҳоҷиронро аз 3 то 25 сол хориҷ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...