Имрӯз дар “Истиқлол” шаҳрвандон ройгон муоина карда мешаванд

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ имрӯз 7-уми апрел сокинони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои тиббӣ ройгон аз муоина гузаранд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон. Дар хабар зикр мешавад, ки аз ҷумла имрӯз аз соати 8:00 то 14:00 дар маҷмааи тандурустии “Истиқлол” мутахассисон бепул машварат додаву муоина мегузаронанд ва дигар амалҳои ташхисро анҷом медиҳанд. “Ин […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ имрӯз 7-уми апрел сокинони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои тиббӣ ройгон аз муоина гузаранд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Дар хабар зикр мешавад, ки аз ҷумла имрӯз аз соати 8:00 то 14:00 дар маҷмааи тандурустии “Истиқлол” мутахассисон бепул машварат додаву муоина мегузаронанд ва дигар амалҳои ташхисро анҷом медиҳанд.

“Ин тадбирҳо бо мақсади пешгирии бемориҳо миёни аҳолӣ рӯйи даст гирифта мешаванд”, – зикр мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, имрӯз дар дигар муассисаҳои тиббии кишвар низ ба ин монанд иқдомҳо баргузор мешаванд, лекин доир ба маҳз дар кадом муассисаҳо доир гардидани онҳо маълумот дода нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар маркази саломатии шаҳрии №1 низ ба қабули шаҳрвандон омодаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.