“50 дарсади расонаҳо баста шудаанд”. Нигаронии шадиди Иттиҳодияи миллии рӯзноманигорони Афғонистон

Иттиҳодияи миллии рӯзноманигорони Афғонистон мегӯяд, ки пас аз ба қудрат расидани Толибон* 53 дарсади хабарнигорон бекор ва 50 дарсади расонаҳо баста шудаанд. Хабаргузории афғонистонии TOLO-news бо такя ба Масрури Лутфӣ, узви раёсати Иттиҳодияи миллии рӯзноманигорони Афғонистон гуфтааст, “Ҷомеаи расонаӣ бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ аст ва дар кори расонаҳо дар Афғонистон маҳдудиятҳо вуҷуд доранд”. “Аксари расонаҳои […]

Иттиҳодияи миллии рӯзноманигорони Афғонистон мегӯяд, ки пас аз ба қудрат расидани Толибон* 53 дарсади хабарнигорон бекор ва 50 дарсади расонаҳо баста шудаанд.

Хабаргузории афғонистонии TOLO-news бо такя ба Масрури Лутфӣ, узви раёсати Иттиҳодияи миллии рӯзноманигорони Афғонистон гуфтааст, “Ҷомеаи расонаӣ бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ аст ва дар кори расонаҳо дар Афғонистон маҳдудиятҳо вуҷуд доранд”.

“Аксари расонаҳои хабарӣ Афғонистонро тарк кардаанд. Дар канори ин, боздоштан ё бастани қавонини ҳимоятии ҷомеаи рӯзноманигорӣ худ як ҷолиши бузург шудааст”, – афзудааст Лутфӣ.

Ба гуфтаи ӯ, аз сӯи дигар, бархе аз рӯзноманигорон аз дастрасӣ ба иттилоот нигаронанд. Ин ниҳод мехоҳад, ки Толибон ба мушкилоти рӯзноманигорон, бахусус дар бахши дастрасӣ ба иттилоот кумак кунад.

Мустафо Шаҳриёр, рӯзноманигори афғон дар ин робита мегӯяд, “дархости мо аз масъулони ҳукумат ва масъулони зидахл ин аст, ки ба мушкилоти рӯзноманигорон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кунанд ва кору амнияти шахсии мо таъмин карда шаванд”.

Рақиб Файёз, рӯзноманигори дигари афғон, гуфтааст, ки “адами дастрасӣ ба иттилоъ ҳамчунон як чолиш дониста мешавад ва рӯзноманигорон ҳамчунон бо мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ мубориза мебаранд”.

Аммо Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон, ки дар зери сарпарастии Толибон қарор дорад, мегӯяд, ба ҳуқуқи хабарнигорон пойбанд аст ва талош хоҳад кард, ки барои хабарнигорон шароити бештар фароҳам оварад.

Муҳоҷир Фароҳӣ, муовини матбуотии Вазорати иттилоот ва фарҳанг иддао кардааст, ки “мо ҳамкориҳои худро бо расонаҳо ва хабарнигорон идома хоҳем дод ва талоши мо дар оянда барои осон кардани кори тамоми хабарнигорон аст”.

Қабл аз ин вазорати иттилоот ва фарҳанг гуфта буд, ки ба манзури фароҳам овардани шароити бештар барои рӯзноманигорон қонун дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот бо тағйироти андаке ба раҳбарияти Толибон ирсол шудааст ва он баъд аз тасдиқ амалӣ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузорӣ менависад, ки “то ҳол аз ин қонун хабаре нест”.

Бояд гуфт, ки дар охири соли сипаришуда масъулини Толибон пахши барномаҳои Радиои Озодӣ ва Садои Амрикоро дар Афғонистон манъ карда буданд.

Он вақт Толибон расонаҳоро барои риоя накардани меъёрҳои журналистӣ гунаҳкор намуданд, вале роҳбарони расонаҳо ин иддаоро рад карданд.

Пас аз ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон, ин гурӯҳ маҳдудиятҳои шадидеро ба озодии баён ва расонаҳо дар Афғонистон ҷорӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси охирин гузориши Созмони рӯзноманигорони бидуни марз, пас аз ғасби ҳокимият дар Афғонистон аз сӯйи Толибон, 219 расонаи чопӣ, савтӣ ва тасвирӣ дар он кишвар аз фаъолият боз мондааст. Ин дар ҳолест, ки пеш аз ғасби қудрат аз ҷониби Толибон дар Афғонистон ҳудуди 547 расона вуҷуд дошт. 

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.