Таваҷҷуҳи ширкатҳои маъруфи Чин ба бозорҳои Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар вохӯрии раҳбарияти  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон бо намояндагони ширкати Macao Bridge Technology Ltd, Alibaba ва чанде дигар ширкатҳои Чин имкони роҳандозии ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баррасӣ шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумита.

Гуфта мешавад, вохӯрӣ рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар Душанбе баргузор шуда, дар он имкониятҳои ҳамкориҳо дар соҳаи логистика ва нақлиёт, кишоварзӣ, фарҳанг, сайёҳӣ ва соҳаҳои афзалиятноки дигар мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Ба намояндагони ширкатҳои Чин аз имкониятҳои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон ва гирифтани маълумотҳо дар бораи имтиёзҳо дар сармоягузорӣ ва пардохти андозу боҷҳои гумрукӣ маълумот дода шуд.

 “Ширкатҳои Чин ҷиҳати кушодани намояндагиҳои худ дар ҷумҳурӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд”, – зикр мешавад дар хабар.

Қобили зикр аст, ки Чин дар як муддати нисбатан кӯтоҳ ба сармоягузори асосӣ дар Тоҷикистон табдил ёфт.

Аввалин сармоягузориҳои Чин ба иқтисоди ҷумҳурӣ соли 2007 сурат гирифта, аз соли 2011 пас аз ҳалли масоили қаламрав байни кишварҳо онҳо ба таври назаррас зиёд шуданд.

Соли 2020 бар асари маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи COVID-19, ҳаҷми сармоягузории Чин ду баробар коҳиш ёфта, лекин дар соли минбаъда қариб дар сатҳи то пандемия барқарор шуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, ҳудуди 30% аз сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисоди кишвар дар давоми солҳои 2007-2021 ба Чин рост меоянд, ки маблағи умумии онҳо 3,3 млрд доларро ташкил медиҳад.

Сармоягузорони Чин ба соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон, аз қабили коомуникатсия, хидматрасониҳо дар бахши сохтмон ва молия, таҳқиқоти геологӣ ва кӯҳкорӣ, насби таҷҳизоти технологӣ, саноат ва ғайра маблағгузорӣ карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...