Дар Душанбе мутахассисон барои бунёди ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон гирди ҳам омаданд

Дар шаҳри Душанбе аз 10 то 12 апрели соли 2023 силсилаи  ҳамоишҳои омӯзишии Русия барои мутахассисони муҳити зист,  пажӯҳишгарон, фаъолон ва рӯзноманигорон баргузор гардид. Дар ҳамоишҳои мазкур фанновариҳои навин дар бахшҳои омӯзишу парвариш, экология ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид. Иштирокдорони ҳамоиш аз таҷрибаи худ нақл карда, дар мавриди аҳамияти густариши салоҳият ва имконоти касби […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе аз 10 то 12 апрели соли 2023 силсилаи  ҳамоишҳои омӯзишии Русия барои мутахассисони муҳити зист,  пажӯҳишгарон, фаъолон ва рӯзноманигорон баргузор гардид.

Дар ҳамоишҳои мазкур фанновариҳои навин дар бахшҳои омӯзишу парвариш, экология ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид. Иштирокдорони ҳамоиш аз таҷрибаи худ нақл карда, дар мавриди аҳамияти густариши салоҳият ва имконоти касби малакаҳои нав суҳбат карданд. Дар поёни давраҳои омӯзишӣ силсилаи баҳсҳо сурат гирифт, ки дар заминаи онҳо механизми минбаъдаи таҳкими ҳамкориҳо миёни ҷомеаҳои коршиносӣ ва рӯзноманигории Тоҷикистону Русия таҳия хоҳад шуд.

Мавзӯи ҳамоиши “Омӯзиши онлайнии Русия: роҳхат ба ҷаҳони касбӣ" ба қолабҳои нави таълим, ки ба ҳар фарди соҳиби дастгоҳи ҳушманд дастрас аст ва инчунин муаррифии платформаҳои таълимии онлайнии Русия дар пайванд буд. Ҳамин тариқ, намояндагони бузургтарин платформаи таълимии диҷитолии Русия “Skillbox” дар мавриди фурсатҳои касби маҳорату малакаҳое суҳбат карданд, ки дар ҷаҳони муосир ва Тоҷикистон дорои талабот ҳастанд. Барои дарёфти гувоҳиномаҳо барои омӯзиши ройгон дар байни иштирокдорон озмун гузаронида шуд, ки барандагони он имкони дастрас намудани донишҳои лозима дар соҳаи таҳсилоти онлайниро ба даст меоранд.

Иштирокдорони ҳамоиши “Мубориза бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим дар Авруосиё: таҷрибаи Русия ва Тоҷикистон” масоили муҳити зисти минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Муҳаққиқони масъалаҳои об ва муҳити зист аз Осиёи Марказӣ дар бораи тамоюлҳои асосии тағйирёбии иқлим сухан ронда, гуна (вариант)-ҳои рафъи мушкилоти ҷорӣ ва ояндаро тариқи омӯзиши муштарак ироа карданд. Дар ҳамоиши мазкур на танҳо олимони намоёни Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти байналмилалӣ, Донишгоҳи давлатии равобити байналмилалии Маскави ВКХ Русия, Ҷамъияти ҳифзи табиати Русия, Пажӯҳишгоҳи иктисодиёт ва демографияи Фарҳангистони илмхои миллии Тоҷикистон, балки намояндагони ҷавонон низ ширкат варзиданд.

Ҳамоиши “Чӣ гуна метавон рӯзноманигори муосир шуд?” ба баррасии мушкилоте, ки кормандони расонаҳо ҳангоми бозтоби мушкилоти минтақа ва ҷаҳон рӯбарӯ мешаванд, равона шуда буд. Рӯзноманигорони рус дар асоси таҷрибаи воқеии корӣ тавсияҳо дода, дурнамои касбро дар заминаи тағйироти ҷаҳонӣ баррасӣ карданд.

Аз миёни суханронон Виктория Поликарпова, муовини мудири Раёсати иттилоотии гурӯҳи расонаҳои байналмилалии Russia Today (Sputnik News Agency) дар мавзӯи марбут ба чолишҳои фазои муосири расонаӣ суханронӣ кард. Иштирокдорон дониши худро афзуда, соҳиби гувоҳинома гардиданд.

Меҳмони нишасти аввалин Семён Григорев, сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки хотирнишон кард: дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба гирифтани таҳсили русӣ ва бо забони русӣ – аз макотиби миёна то олӣ на танҳо коҳиш наёфта, балки сол аз сол рӯ ба афзоиш дорад.
«Чорабинии имрӯза қадами дигаре дар таҳкими ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон дар соҳаи гуманитарӣ мебошад», – гуфт Семён Григорев.

Гуфтанист, ҳамоишҳои мазкур аз сӯйи Маркази иттилоотиву таҳлилии омӯзиши равандҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ дар фазои пасошӯравӣ созмон дода шуд. Маъракаҳо дар маркази “Русское пространство”-и Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосим Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт 

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.