Дар Русия ният доранд, ки низоми ягонаи мониторинги муҳоҷиронро роҳандозӣ кунанд

Ҳукумати Русия тасмим гирифтааст, ки то соли 2023 озмоиши низоми ягонаи пайгирӣ (мониторинг) ва сабти иттилоот дар соҳаи муҳоҷиратро роҳандозӣ кунад. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба маълумоти Вазорати рушди иқтисоди Русия хабар медиҳад. Ҳамчунин ба шакли рақамӣ гузаронидани қисмати асосии хидматрасониҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ ва имзои созишнома дар мавриди таъсиси марказҳои пеш аз […]

Ҳукумати Русия тасмим гирифтааст, ки то соли 2023 озмоиши низоми ягонаи пайгирӣ (мониторинг) ва сабти иттилоот дар соҳаи муҳоҷиратро роҳандозӣ кунад. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба маълумоти Вазорати рушди иқтисоди Русия хабар медиҳад.

Ҳамчунин ба шакли рақамӣ гузаронидани қисмати асосии хидматрасониҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ ва имзои созишнома дар мавриди таъсиси марказҳои пеш аз сафар ба муҳоҷират (Ӯзбекистон, Тоҷикистон,Қирғизистон) пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, дар соли ҷорӣ таҳияи методологияи арзёбии эҳтиёҷоти бахшҳои иқтисоди Русия ба захираҳои меҳнатӣ аз хориҷи кишвар ва таҷдиди консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷират барои давраи то соли 2025 пешбинӣ шудааст.

Дар миёнаҳои моҳи апрел раиси собиқи Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов гуфта буд, дар вазъи кунунӣ дар соҳаи муҳоҷират як қатор мушкилоти муҳиму ҷиддӣ рӯйи кор омаданд, ки ҳарчи зудтар онҳоро ҳал мебояд кард.

Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, ин ҷо дар бораи мушкилоти бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ сухан меравад, зеро механизмҳои мавҷуда кӯҳна шуда, ислоҳоти тамоми расмиёт ва равандҳо зарур аст. Дар робита ба ин, Коженов пешниҳод кардааст, ки ба муҳоҷир имкон дода шавад, ки худаш бо истифода аз замимаи ҷудогона ё аккаунт дар портали хидматрасониҳои давлатӣ худро саби ном кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.