Бори аввал ва бо ташаббуси Тоҷикистон. Оҳангсозони Ӯзбекистон ба Душанбе меоянд

Оҳангсозони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе се рӯз Фестивали муштараки мусиқӣ баргузор мекунанд. Дар ин бора Амирбек Мӯсоев, раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон (ИКТ) ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим дар сафари ҳайати расмии ИКТ ба Ӯзбекистон дар ҳафтаи гузашта матраҳ гардида, қабул шудааст. “Ин фестивал бо ташаббуси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон се рӯз дар […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Оҳангсозони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе се рӯз Фестивали муштараки мусиқӣ баргузор мекунанд. Дар ин бора Амирбек Мӯсоев, раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон (ИКТ) ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим дар сафари ҳайати расмии ИКТ ба Ӯзбекистон дар ҳафтаи гузашта матраҳ гардида, қабул шудааст.

“Ин фестивал бо ташаббуси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон се рӯз дар Душанбе роҳандозӣ мешавад. Аз кишвари ҳамсоя 6 нафар композиторон ва бастакорони шинохта ба Тоҷикистон меоянд”, – шарҳ дод Мӯсоев.

Амирбек Мӯсоев гуфт, ин фестивал рӯзҳои 24-уми май дар Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон,  25-уми май дар Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва 26-уми май дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Тавре ӯ афзуд, ҳайати оҳангсозон ва бастакорони Ӯзбекистон бо роҳбарии раиси Иттифоқи оҳангсозон ва бастакорони Ӯзбекистон Рустам Абдуллоев озими Душанбе хоҳанд шуд. Онҳоро Ҳабибулло Раҳимов, муовини раис ва Мустафо Вафоев, Дилором Саидаминова, Ойиддин Абдуллоева, Акмал Сафаров – оҳангсозон ва Элнура Мирзокамолова – навозанда ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

“Дар ин фестивал ҳамаи композиторон ва бастакорони аъзои Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон ширкат мекунад. Ин ҷо асарҳои нав ва классикӣ ба намоиш гузошта мешавад”, – афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Бояд гуфт, як сол қабл бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон чунин консерт дар Ӯзбекистон баргузор шуда буд. Гуфта мешавад, акнун бори нахуст ҳайати Иттифоқи оҳангсозон ва бастакорони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меоянд.

Ёдовар мешавем, ки вақтҳои охир равобити фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон жарфтар гардида, сафарҳои ҳунармандон бештар мешавад. Масалан, охирин сафари ҳунармандони кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон охири соли гузашта иттифоқ афтода буд. Он замон Театри лухтаки Бухоро бори аввал ба Душанбе омад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.