Аз Хоруғ то Панҷу Данғара. Кӣ ва дар куҷо сардори нави милитсия таъин шуд?

Дирӯз, 17-уми апрел, дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии як қатор шаҳру навоҳии Тоҷикистон ва мақомоти дигари корҳои дохилӣ нав шуданд. Хадамоти матбуотии роҳбари давлат, хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳо таъингардидаро ба ҳузур пазируфт ва “оид ба таъмини суботу амният, таҳкими волоияти қонун, мубориза алайҳи ҳамагуна ҷинояткорӣ, […]

Asia-Plus

Дирӯз, 17-уми апрел, дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии як қатор шаҳру навоҳии Тоҷикистон ва мақомоти дигари корҳои дохилӣ нав шуданд.

Хадамоти матбуотии роҳбари давлат, хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳо таъингардидаро ба ҳузур пазируфт ва “оид ба таъмини суботу амният, таҳкими волоияти қонун, мубориза алайҳи ҳамагуна ҷинояткорӣ, бахусус терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳое, ки дар шароити авзои мураккабу печидаи минтақа ба амнияту субот ва зиндагии осудаи мардум хатар доранд, таъкид намуд”.

Ҳамин тариқ, шахсони зерин ба вазифаи сардори шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳру навоҳии кишвар таъин гардиданд:

– генерал-майори милитсия Давлатзода Раҳмон сардори ШВКД дар шаҳри Ҳисор;

– полковники милитсия Абдуқодирзода Ҷафар сардори ШВКД дар шаҳри Турсунзода;

– полковники милитсия Алихон Рустам сардори ШВКД дар ноҳияи Хуросон;

– полковники милитсия Ҷалилзода Эмин ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Хоруғ;

– полковники милитсия Зубайдзода Хайрулло сардори ШВКД дар ноҳияи Восеъ;

– полковники милитсия Маҳмадризо Ҷамшед сардори ШВКД дар шаҳри Истаравшан;

– полковники милитсия Зубайрзода Ҷамшед сардори Шуъбаи №2 ВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

– полковники милитсия Шарифзода Баҳром сардори ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ;

– полковники милитсия Каримзода Абдураҳмон сардори ШВКД дар ноҳияи Данғара;

– полковники милитсия Тағойзода Сафаралӣ сардори ШВКД дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин;

– полковники милитсия Назарзода Ҷумахон сардори ШВКД дар ноҳияи Панҷ;

– полковники милитсия Шарифзода Хушвахт сардори ШВКД дар ноҳияи Муъминобод;

– полковники милитсия Исмоилзода Зафар сардори ШВКД дар ноҳияи Фархор;

– подполковники милитсия Абдулмаҷидзода Рустам сардори ШВКД дар шаҳри Левакант;

– подполковники милитсия Ибодзода Шодихон сардори ШВКД дар ноҳияи Лахш;

– подполковники милитсия Амридинзода Ҷумахон сардори ШВКД дар ноҳияи Ховалинг;

– подполковники милитсия Одиназода Шодӣ сардори ШВКД дар шаҳри Гулистон;

– подполковники милитсия Ҷумъазода Ҷонибек сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов;

– капитани милитсия Умарзод Муҳаммад сардори ШВКД дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ.

Ҳамчунин, дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, полковники милитсия Салимбойзода Довар сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД, полковники милитсия Абдураҳмонзода Фатҳулло сардори қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб ва полковники милитсия Насуриён Пулод сардори Коллеҷи милитсияи ВКД бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб таъин гардиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио