Дар Балҷувон наврас қасоси хоҳарашро гирифта, шавҳари ӯро кушт

Прокуратураи ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон нисбати ноболиғ ба гумони даст доштан дар куштори шавҳари хоҳараш парвандаи ҷиноятӣ боз кард, хабар медиҳад ВКД ҶТ дар барномаи “Пайки Суғд”. Ин ҳодиса рӯзи 6 апрел дар ҷамоати ба номи Сайф Раҳимзоди ноҳияи Балҷувон рух додааст. Навраси 17-сола ҷасади хунолуди хоҳарашро дар рӯи фарш дида, бо корд ба шавҳари […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Прокуратураи ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон нисбати ноболиғ ба гумони даст доштан дар куштори шавҳари хоҳараш парвандаи ҷиноятӣ боз кард, хабар медиҳад ВКД ҶТ дар барномаи “Пайки Суғд”.

Ин ҳодиса рӯзи 6 апрел дар ҷамоати ба номи Сайф Раҳимзоди ноҳияи Балҷувон рух додааст. Навраси 17-сола ҷасади хунолуди хоҳарашро дар рӯи фарш дида, бо корд ба шавҳари ӯ ҳамла кардааст. Пеш аз ин шавҳар зани худро бо корд куштааст.

“Абдулфайз Хоҷаев, сокини 39-солаи ноҳияи Восеъ ба хонаи волидони ҳамсараш меояд, то ки бо занаш оштӣ шавад. Ҳамсараш ҷавоби рад дода, онҳо ба ҷанҷолу муноқиша мепардозанд ва мард ба зан бо корд зарба зада, ӯро захмӣ мекунад. Бародари 17-солаи зан ин ҳолатро дида, ба шавҳари хоҳараш бо корд якчанд маротиба зарба мезанад ва сипас мегурезад”, – зикр мешавад дар гузориш.

Тавре ки гуфта мешавад, аз ҷароҳатҳои бардошта зану шавҳар дар роҳ ба бемористон ҳалок шудаанд.

Нисбат ба наврас мутобиқи моддаи 104, қисми 1 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ин модда ба муҳлати аз 8 то 15 сол ҷазои маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба итттилои ВКД ҶТ, мақомоти милитсия нисбати сокини 17-солаи шаҳри Норак ба гумони бо корд захмӣ кардани ду ноболиғ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, шаби 21 апрел ӯ бо ҳамсолони худ ба муноқиша пардохта, бо зарбаҳои корд онҳоро захмӣ мекунад. Наврасон дар бемористон бистарӣ шудаанд. Тафтиши ин ҳодиса идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.