Тағйироти кадрӣ дар Бадахшону Варзобу Ховалинг

Имрӯз, 1-уми май, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон як қатор тағйироти кадрӣ анҷом дод. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. Сафарзода Шарифхон Нураҳмад аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб озод ва муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шуд. Шарифхон Сафарзода дар мансаби раиси ноҳияи Варзоб аз 25 июли соли 2022 фаъолият дошт. […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 1-уми май, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон як қатор тағйироти кадрӣ анҷом дод. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сафарзода Шарифхон Нураҳмад аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб озод ва муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шуд.

Шарифхон Сафарзода дар мансаби раиси ноҳияи Варзоб аз 25 июли соли 2022 фаъолият дошт.

Бо фармони дигари президент Дамонзода Хусрав Назаралӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб таъин карда шуд. То ин замон, Хусрав Дамонзода ба ҳайси муовини раиси ноҳияи Синои пойтахт фаъолият дошт.

Ҳамин тавр, Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон озод карда шуд. Ба ҷойи ӯ Мирзозода Музаффар Бурҳон, ки ба ҳайси муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифа озод ва бо фармони президент иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъин гардид.

Ҳоло маълум нест, ки Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло ба кадом вазифа таъин гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.