Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон: имзои қарордодҳо ба маблағи 2 млрд доллар

Аз рӯи натиҷаҳои ҳамоиши тиҷоратӣ, ки имрӯз дар шаҳри Остона ҷараён дорад, тоҷирони Тоҷикистону Қазоқистон ният доранд, ки ба маблағи 2 млрд доллар қарордодҳо ба имзо расонанд. Дар ин бора хабаргузории «Казинформ» бо истинод ба муовини сарвазир – вазири савдо ва ҳамгироии Қазоқистон Серик Жумангарин иттилоъ медиҳад. “Имрӯз дар нимаи аввали ин чорабинӣ байни тоҷирон […]

Asia-Plus

Аз рӯи натиҷаҳои ҳамоиши тиҷоратӣ, ки имрӯз дар шаҳри Остона ҷараён дорад, тоҷирони Тоҷикистону Қазоқистон ният доранд, ки ба маблағи 2 млрд доллар қарордодҳо ба имзо расонанд. Дар ин бора хабаргузории «Казинформ» бо истинод ба муовини сарвазир – вазири савдо ва ҳамгироии Қазоқистон Серик Жумангарин иттилоъ медиҳад.

“Имрӯз дар нимаи аввали ин чорабинӣ байни тоҷирон ба маблағи 1 млрд 300 млн доллар қарордодҳо ба имзо расиданд”. Боз дар қисми дуюм қарордодҳо ба маблағи 2 млрд доллар имзо мешаванд”, – гуфтааст Жумангарин дар посух ба саволҳои рӯзноманигорон.

Вазири савдои Қазоқистон изҳор доштааст, ки ахиран ин яке аз форумҳои тиҷоратии пурсамартарин аст.

Бо истинод ба раиси раёсати Палатаи савдои хориҷии Қазоқистон Аян Еренов, “Казинформ” иттилоъ медиҳад, ки Қазоқистон ва Тоҷикистон дар бораи таъсиси корхонаи муштарак барои мусоидат ба тоҷирони ҳарду ҷониб ҷиҳати рушди савдои дуҷониба консепсия ба имзо расониданд.

Ба гуфтаи ӯ, имсол сафари тоҷирон дар назар буда, доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нафту кимиё ва дорусозӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд.

Дар ҳамин ҳол, муовини сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода зикр кардааст, ки дар ҷараёни кори форум оид ба сохтмони марказҳои тақсимот ва савдои яклухт созишнома имзо шудааст, ки ҷиҳати интиқоли сабзавоту меваи серталаб ба Қазоқистон мусоидат мекунад.

Ҳамчунин ӯ изҳори итминон кардааст, ки масъалаи барқарор намудани хатсайри ҳавоӣ байни Душанбе ва Остона “роҳи ҳалли худро пайдо мекунад”.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо 18,5% афзуда, 1,4 млрд долларро ташкил дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ