Истирдоди ҷинояткорон ва маҳкумшудагон. Мулоқоти додситонҳои кулли Тоҷикистону Туркия

Asia-Plus

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар доираи сафари кории худ дар Туркия, бо ҳамкасби хеш Бекир Шаҳин мулоқот карда, масъалаи созмонҳои террористӣ эътироф кардани ташкилотҳои хатарзоро дар ҳудуди якдигар баррасӣ кардааст.

Дар ин бора маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки вохӯрӣ дирӯз, 2-юми май, сурат гирифта, ҷонибҳо ҳамчунин, ҳамкории мақомоти прокуратураҳои кишварҳо дар самти муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ, бахусус терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллиро баҳс кардаанд.

“Дар ҷараёни гуфтушунид ҳамчунин, идома додани таҷрибаи пурсамари мубодилаи маълумоти фаврӣ ва муқовимати бевосита ба зуҳуроти номатлуби болозикр, аз ҷумла пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, андешидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, масъалаҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, истирдоди ҷинояткорон, бозпас додани маҳкумшудагон ва дигар масоили муҳими соҳа мавриди муҳокима қарор дода шуданд”, – омадааст дар иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон.

Манбаъ, дар робита ба эътирофи созмону ташкилотҳои хатарзо ҳамчун ташкилоти террористӣ дар ҳудуди якдигар иттилоъ дода, аммо мушаххас аз ҳеҷ созмоне ном набурдааст. Маълум нест, ки сухан дар бораи кадом созмон ё ташкилоти хатарзо меравад.

Дар гузашта, Тоҷикистон бо чанде аз кишварҳо дар мавриди эътироф гардидани созмону ташкилотҳои хатарзо ҳамчун ташкилоти террористӣ ва истирдоди ҷинояткорон созишномаҳо ба имзо расонида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...