Оғози баррасии парвандаи се милисаи гумонбар дар марги Абдуқаҳҳор Розиқов

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ба баррасиии парвандаи се корманди милиса оғоз кардааст, ки дар марги Абдуқаҳҳор Розиқов, як сокини ин шаҳр гумонбаранд. Ҷузъиёти нав дар парванда ин аст, ки Зафар Холов, Шамшод Шарифов ва Ҷамшед Кароматов, кормандони милисаи Кӯлоб ба он айбдор мешаванд, ки бо "баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ" Абдуқаҳҳор Розиқовро худсарона боздошт ва шиканҷа […]

Радиои Озодӣ

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ба баррасиии парвандаи се корманди милиса оғоз кардааст, ки дар марги Абдуқаҳҳор Розиқов, як сокини ин шаҳр гумонбаранд.

Ҷузъиёти нав дар парванда ин аст, ки Зафар Холов, Шамшод Шарифов ва Ҷамшед Кароматов, кормандони милисаи Кӯлоб ба он айбдор мешаванд, ки бо "баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ" Абдуқаҳҳор Розиқовро худсарона боздошт ва шиканҷа кардаанд.

Қаблан мақомоти расмӣ гуфта буданд, се маъмури милиса ба “бесалоҳиятӣ” гумонбар ҳастанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар эъломияе гуфта буд "ӯ дар роҳ ва бар асари истеъмоли зиёди амфетамин даргузашт". Аммо наздиконӣ Абдуқаҳҳор Розиқов иддао карданд, ки ӯ зери шиканҷа ҷон додааст.

Як манбаъ огоҳ аз рафти мурофиа гуфт, ки кормандони милиса боздошти худсаронаро эътироф, вале шиканҷаи Абдуқаҳҳор Розиқовро рад кардаанд.

Қаблан, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки “3 корманди милиса, ки Абдуқаҳҳор Розиқовро боздошт ва ба шуъбаи корҳои дохилӣ оварданд, барои хунукназарӣ ҷазо гирифтанд, на барои куштор”.

Ҳамчунин, ба қавли вазир, дар робита ба ин ҳодиса, чанд корманди мақомоти корҳои дохила аз кор озод шудаанд, аммо ӯ аз касе ном нагирифт.

Абдуқаҳҳор Розиқовро кормандони милиса шаби 3-юми январ бо гумони даст доштан дар кочоқи маводи мухадддир боздошт карданд, вале субҳ ба наздиконаш хабар доданд, ки ҷасадашро аз сардхона бигиранд.

Марги ӯ эътирози гурӯҳе аз сокинони Кӯлобро ба бор овард. Наздиконаш камаш ду дафъа эътироз карда, хоҳони боздошт ва муҷозоти сабабгорони марги ӯ шуданд. Мақомот ваъда доданд, ки ҳодисаро одилона таҳқиқ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.