Дар робита ба марги Абдуқаҳҳор Розиқов дар Кӯлоб се корманди милиса муҷозот шудаанд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон қазияи марги Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини шаҳри Кӯлобро, ки аз ҷониби кормандони милиса боздошт ва ба таври мармуз фавтид шарҳ дод. Ӯ гуфт, “3 корманди милиса, ки Абдуқаҳҳор Розиқовро боздошт ва ба шуъбаи корҳои дохилӣ оварданд, барои хунукназарӣ ҷазо гирифтанд, на барои куштор”. Ҳамчунин, ба қавли вазир, дар робита ба […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон қазияи марги Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини шаҳри Кӯлобро, ки аз ҷониби кормандони милиса боздошт ва ба таври мармуз фавтид шарҳ дод. Ӯ гуфт, “3 корманди милиса, ки Абдуқаҳҳор Розиқовро боздошт ва ба шуъбаи корҳои дохилӣ оварданд, барои хунукназарӣ ҷазо гирифтанд, на барои куштор”.

Ҳамчунин, ба қавли вазир, дар робита ба ин ҳодиса, чанд корманди мақомоти корҳои дохила аз кор озод шудаанд, аммо ӯ аз касе ном нагирифт.

Рамазон Раҳимзода гуфт, ки муовини аввали вазир ба ҷойи ҳодиса сафар карда, бо вазъ шинос шудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини шаҳри Кӯлоб, шаби 2-юм ба 3-юми январ, пас аз боздошт шудан аз сӯйи маъмурони милиса, дар шароити мармуз ҷон бохт. Дар пайи ин ҳодиса, даҳҳо сокини шаҳри Кӯлоб дар назди сардхонаи бемористони шаҳр ҷамъ омада, аз мақомот сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқов ва муҷозоти омилони онро талаб карданд.

Наздиконаш иддао доранд, ки ӯ бар асари шиканҷа даргузаштааст. Вазорати корҳои дохилӣ дар изҳороте гуфт, ӯ бар асари истеъмоли зиёди амфетамин даргузашт. Додситонии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ҳанӯз тафтиш сабаби марги ӯро маълум накардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.