Манбаъ: Нархи сӯзишворӣ боло меравад

Аз оғози моҳи май нархи чаканаи бензини навъи АИ-92 8,10 сомонӣ буд. Имрӯз қимати ин навъи сӯзишворӣ дар Душанбе то 8,90 сомонӣ барои як литр боло рафта, афзоиши он идома дорад. Ба иттилои як манбаъи “Азия-Плюс”, ки дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт фаъолият мекунад, дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ҳар ҳафта нархи сӯзишворӣ то […]

Фозилҷон Фатҳуллоев, Asia-Plus

Аз оғози моҳи май нархи чаканаи бензини навъи АИ-92 8,10 сомонӣ буд. Имрӯз қимати ин навъи сӯзишворӣ дар Душанбе то 8,90 сомонӣ барои як литр боло рафта, афзоиши он идома дорад. Ба иттилои як манбаъи “Азия-Плюс”, ки дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт фаъолият мекунад, дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ҳар ҳафта нархи сӯзишворӣ то 20-30 дирам боло меравад. Гуфта мешавад, ки нархи ҳама навъи сӯзишворӣ боло меравад.

Имрӯз дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт бензини АИ-92 бо нархи 8,90 сомонӣ, АИ-95 – 9,30 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ – 11,20 сомонӣ фурӯхта мешавад. Гази моеъ аз 4 то 4,20 сомонӣ арзиш дорад.

Дар шаҳри Хуҷанд бензини АИ-92 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 8,80 сомонӣ, АИ-95 – 9,20 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ – 11,20 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон афзоиши нархҳоро ба чанд далел вобаста медонад.

“Дар он кишварҳое, ки Тоҷикистон бензин ва сӯзишвории дизелиро (асосан аз Русия) аз он ҷо ворид мекунад, ширкатҳои коркарди нафт нархро боло бурданд. Сониян, ҳоло мавсими кишти баҳорӣ барои бахши кишоварзӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари ҷаҳон аст. Ин омил низ дар болоравии нархи сӯзишворӣ таъсири худро мерасонад”, – гуфт манбаъ.

Як соҳибкор зимни суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “ин гуна тағйирот ҳамасола мушоҳида мешавад”.

“Аз моҳи август нархҳо поин мешаванд, зеро ҳаҷми кишт кам мешавад. Мо кӯшиш кардем, бо онҳое, ки бо маводи сӯхт таъмин мекунанд, муомила кунем,  то истеъмолкунандагонро бо сӯзишворӣ ва равғанҳои молидании арзонтар таъмин намоем, аммо ин ба касе муяссар нашуд”, – гуфт соҳибкор.

Ёдовар мешавем, ки аз аввалҳои соли гузашта Тоҷикистон аз Русия бо рубли русӣ маводди сӯхт ва молиданӣ харидорӣ мекард. Саҳми воридоти бензин ва сӯзишвории дизелӣ аз Русия дар бозори Тоҷикистон 89% аст. Қариб 90% гази моеъ аз Қазоқистон ворид мешавад.

Соли гузашта ба ҷумҳурӣ қариб 87 фоизи маҳсулоти нафтӣ аз Русия, 7,3 фоиз – аз Қазоқистон, 2,6 фоиз – аз Ӯзбекистон, 2,4 фоиз – аз Туркманистон ва боқимондааш аз дигар кишварҳо ворид гардид.

Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон дар соли 2022 ҳудуди 853 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва 397 ҳазор тонна гази моеъ ворид кардааст, хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ.

Аз ҷумла, маҳсулоти зерини нафтӣ ворид карда шуданд:

– 387 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ;

– 320 ҳазор тонна бензин;

– 60 ҳазор тонна сӯзишвории авиатсионӣ;

– 40,6 хазор тонна кокси нефть;

– 30 ​​хазор тонна битум ва мазут;

– 1,2 хазор тонна дигар маҳсулоти нафтӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.