Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳолатҳои изтирорӣ метавонанд аз ҳарими ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои ҳамдигар истифода баранд

Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар мавриди истифода аз ҳарими ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои ҳамдигар дар ҳолатҳои изтирориро имзо намуд. Созишномаи мазкур, 10-уми июни соли 2021, зимни боздиди сарвари давлати Ӯзбекистон аз Тоҷикистон, ба имзо расидааст. Тавре хабаргузории kun.uz иттилоъ медиҳад, қаблан ин созишнома аз […]

Asia-Plus

Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар мавриди истифода аз ҳарими ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои ҳамдигар дар ҳолатҳои изтирориро имзо намуд. Созишномаи мазкур, 10-уми июни соли 2021, зимни боздиди сарвари давлати Ӯзбекистон аз Тоҷикистон, ба имзо расидааст.

Тавре хабаргузории kun.uz иттилоъ медиҳад, қаблан ин созишнома аз ҷониби ҳарду палатаи парлумони Ӯзбекистон низ ба тасвиб расида буд.

Ба навиштаи ин расона, ҳадафи аслии созишномаи мазкур, муайян намудани қоидаи ягонаи истифода аз ҳарими ҳавоӣ ва фурудгоҳҳо дар ҳолатҳои изтирорӣ ё фавқулода барои ҳавопаймоҳои давлатии ду кишвар мебошад.

Тибқи шартномаи мазкур, дар ҳолати пеш омадани вазъи изтирорӣ ё ҳолати фавқулода ҷонибҳо метавонанд аз ҳарими ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои ҳамдигар барои муддати муайян истифода баранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.