Дар шимоли Тоҷикистон заминҳои деҳқононро гирифта, ба КМ “Зарафшон” медиҳанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қитъаҳои замини хоҷагиҳои деҳқонии "Ориёно", "Филмандар" ва "Новичомоқ"-и деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд гирифта шуда, ба ихтиёри корхонаи муштараки (КМ) истихроҷи тиллои Тоҷикистону Чин – “Зарафшон” дода мешаванд.

Қарори дахлдори ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 28 апрели соли равон қабул шуда, чанд рӯз пеш дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шуд.

Дар санад гуфта мешавад, майдони умумии қитъаҳои заминеро, ки гирифта мешавад, ҳудуди 128 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор қариб 19 га – замини корами обӣ, 7,5 га – корами лалмӣ, зиёда аз 60,19 га – чарогоҳ, 5,3 га – зери об, беш аз 6 га – зери роҳ ва ҳудуди 32 га – заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашаванда мебошад.

Ин қитъаҳои замин ба муҳлати 30 сол ба ихтиёри Корхонаи муштараки “Зарафшон” дода мешавад.

Дар назар аст, ки дар ин қитъаҳои замин ширкат полоишгоҳи кӯҳнаро васеъ намуда, полоишгоҳи нав, фабрикаи заршӯии нав ва иншооти маъданфуро, хатти оби тоза аз мавзеи обтаъминкунӣ то фабрикаи заршӯии нав, хатти қубури лойоба, роҳи нави маъданкашонӣ, иншоотҳои истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ ва анбори маъдан месозад.

Корхонаи “Зарфшон” соли 1994 дар заминаи собиқ Комбинати маъдани тилло таъсис дода шуд. Бастаи назоратии саҳмияҳои ширкат дар аввал ба ширкати бритониёии Commonwealth & British Mineral Ltd тааллуқ дошт. Моҳи июли соли 2007 бастаи назоратӣ (75%)-и саҳмияҳоро ширкати истихроҷи тиллои «ZiJin Mining Group Co.Ltd»-и Чин харида, 25%-и саҳмияҳо ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Корхона ба коркарди конҳои бузургтарини тиллои Тоҷикистон – “Тарор” ва “Ҷилав”, 44 киломтер дуртар аз шаҳри Панқакент машғул аст.

Дар корхонаи муштараки “Зарфшон” ҳудуди 70% аз ҳаҷми умумии тиллои истеҳсолшуда дар Тоҷикистон истихроҷ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...