Операторони алоқаи Тоҷикистон дар 3 моҳ ҳудуди 87 млн доллар пул кор карданд

Даромади операторони алоқаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 941,9 млн сомонӣ (наздики 87 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 ин нишондиҳанда 17,2% зиёдтар аст. Даромади операторони хусусӣ зиёда аз 901 млн сомонӣ (ҳудуди 83 млн доллар)-ро ташкил дод, ки 19,2% зиёдтар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Даромади операторони алоқаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 941,9 млн сомонӣ (наздики 87 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 ин нишондиҳанда 17,2% зиёдтар аст.

Даромади операторони хусусӣ зиёда аз 901 млн сомонӣ (ҳудуди 83 млн доллар)-ро ташкил дод, ки 19,2% зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи семоҳаи аввали соли 2022 мебошад.

Дар ҳамин ҳол, даромади оператори миллии алоқаи “Тоҷиктелеком”, КВД “Почтаи Тоҷик” ва воҳидҳои сохтории Хадамоти алоқа баръакс, 13,3% – аз 47,8 млн сомонӣ дар семоҳаи аввали соли гузашта то 40,6 млн сомонӣ коҳиш ёфт.

То 1 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ ҳудуди 4,6 млн нафар корбарони инетернет ва 8,3 млн нафар муштариёни алоқаи мобилӣ ба қайд гирифта шуда буд, ки наздики 6,4 млн нафари онҳо муштариёни фаъол шуморида мешаванд.

Дар радабандии моҳи апрел навшудаи Speedtest Global Тоҷикистон аз рӯи суръати интернети мобилӣ байни 138 кишвари ҷаҳон дар зинаи 129-ум ва аз рӯи суръати интернети васеъхати сабтшуда – байни 180 кишвар дар мақоми 130-юм қарор дорад.

Барои муқоиса: Қазоқистон мутаносибан зинаҳои 72 ва 101-ум, Қирғизистон – 83 ва 84-ум, Ӯзбекистон – 104 ва 89-умро ишғол мекунанд.

Дар радабандии кишварҳои ҷаҳон аз рӯи нарх (Worldwide mobile data pricing) Тоҷикистон бо нархи миёнаи 1,94 доллар барои 1Гб дар зинаи 131-ум ҷойгир аст.

Нархи нисбатан паст дар Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон ($0,17) ба қайд гирифта шудааст, ки аз рӯи ин нишондиҳанда зинаи 6-умро дар ҷаҳон ишғол мекунад. Ӯзбекистон дар мақоми 15-ум ($0,37), Қазоқистон – 16-ум ($0,37) ва Афғонистон 64-ум ($0,90) қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.