Рӯзноманигор Хуршед Фозилов 7 сол равонаи зиндон шуд

Хуршед Фозилов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Панҷакент 7 сол равонаи зиндон шуд. Дар ин бора наздикони ӯ ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Мурофиаи ӯ имрӯз, 26-уми май дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд бо ширкати наздиконаш баргузор шуд. Дирӯз, 25-уми май дар мурофиаи нахустини додгоҳӣ, айбдоркунандаи давлатӣ ё прокурор барои ӯ 7 солу 6 […]

Asia-Plus

Хуршед Фозилов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Панҷакент 7 сол равонаи зиндон шуд. Дар ин бора наздикони ӯ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Мурофиаи ӯ имрӯз, 26-уми май дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд бо ширкати наздиконаш баргузор шуд.

Дирӯз, 25-уми май дар мурофиаи нахустини додгоҳӣ, айбдоркунандаи давлатӣ ё прокурор барои ӯ 7 солу 6 моҳи зиндон хоста буд.

Мақомот Хуршед Фозиловро барои ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнуъ айбдор мекунанд. Вале худи ӯ, тавассути вакили дифоаш гуфтааст, ки ӯро маҷбур карданд, ки бар зидди худаш баёнот диҳад ва ҳеҷ гоҳ бо созмонҳои мамнӯъ дар кишвар ҳамкорӣ надошт.

Хушбахт Фозилов, бародари Хуршед гуфт, дар мурофиа ширкат дошт ва бародараш ба ғайр аз навиштани хабару гузориш ба сомонаи хабарии хориҷӣ то мамнуъ эълон шуданаш дар Тоҷикистон, ҳамаи иттиҳомро рад кард.

Ӯ дар робита ба мурофиа ва парванда тафсилоти дигар надод, вале гуфт, аз ҳукми додгоҳи шаҳри Панҷакент розӣ нестанд ва ҳатман ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳанд кард.

Парвандаи Хуршед Фозилов пас аз таҳқиқ, ду ҳафта қабл, ба Додгоҳи шаҳри Панҷакент ирсол шуд.

Дар пайи ин, модари рӯзноманигор бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хоста буд, ки баррасии парвандаи писарашро зери назорат гирифта, ӯро озод кунад.

Хуршед Фозилов,  ки аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои кишвар хабару гузориш ва мақолаҳо менавишт 6–уми марти соли равон аз сӯи кормандони шуъбаи амнияти шаҳри Панҷакант боздошт ва дертар ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд бурда шуд.

Дар як соли охир ин аллакай, панҷумин рӯзноманигори тоҷик аст, ки аз сӯи мақомот боздошт ва бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ дар кишвар ё моддаи 307-и Кодекси ҷиноятӣ гумонбар аст.

Аз ин пеш, Далери Имомалӣ, Абудуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, чор рӯзноманигори тоҷик айнан бо ҳамин ҷурм дастгир ва бо ҳукми додгоҳ аз 7 то 10 сол аз озоӣ маҳрум карда шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.