Дар шимоли Тоҷикистон заминҳои деҳқононро гирифта, ба КМ “Зарафшон” медиҳанд

Қитъаҳои замини хоҷагиҳои деҳқонии "Ориёно", "Филмандар" ва "Новичомоқ"-и деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд гирифта шуда, ба ихтиёри корхонаи муштараки (КМ) истихроҷи тиллои Тоҷикистону Чин – “Зарафшон” дода мешаванд. Қарори дахлдори ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 28 апрели соли равон қабул шуда, чанд рӯз пеш дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шуд. Дар санад гуфта […]

Қитъаҳои замини хоҷагиҳои деҳқонии "Ориёно", "Филмандар" ва "Новичомоқ"-и деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд гирифта шуда, ба ихтиёри корхонаи муштараки (КМ) истихроҷи тиллои Тоҷикистону Чин – “Зарафшон” дода мешаванд.

Қарори дахлдори ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 28 апрели соли равон қабул шуда, чанд рӯз пеш дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шуд.

Дар санад гуфта мешавад, майдони умумии қитъаҳои заминеро, ки гирифта мешавад, ҳудуди 128 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор қариб 19 га – замини корами обӣ, 7,5 га – корами лалмӣ, зиёда аз 60,19 га – чарогоҳ, 5,3 га – зери об, беш аз 6 га – зери роҳ ва ҳудуди 32 га – заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашаванда мебошад.

Ин қитъаҳои замин ба муҳлати 30 сол ба ихтиёри Корхонаи муштараки “Зарафшон” дода мешавад.

Дар назар аст, ки дар ин қитъаҳои замин ширкат полоишгоҳи кӯҳнаро васеъ намуда, полоишгоҳи нав, фабрикаи заршӯии нав ва иншооти маъданфуро, хатти оби тоза аз мавзеи обтаъминкунӣ то фабрикаи заршӯии нав, хатти қубури лойоба, роҳи нави маъданкашонӣ, иншоотҳои истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ ва анбори маъдан месозад.

Корхонаи “Зарфшон” соли 1994 дар заминаи собиқ Комбинати маъдани тилло таъсис дода шуд. Бастаи назоратии саҳмияҳои ширкат дар аввал ба ширкати бритониёии Commonwealth & British Mineral Ltd тааллуқ дошт. Моҳи июли соли 2007 бастаи назоратӣ (75%)-и саҳмияҳоро ширкати истихроҷи тиллои «ZiJin Mining Group Co.Ltd»-и Чин харида, 25%-и саҳмияҳо ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Корхона ба коркарди конҳои бузургтарини тиллои Тоҷикистон – “Тарор” ва “Ҷилав”, 44 киломтер дуртар аз шаҳри Панқакент машғул аст.

Дар корхонаи муштараки “Зарфшон” ҳудуди 70% аз ҳаҷми умумии тиллои истеҳсолшуда дар Тоҷикистон истихроҷ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.