Ҳалокати яке аз захмиёни таркиши Панҷ. Вазъи саломатии 7 нафари дигар вахим аст

Субҳи имрӯз, 26-уми май, Каромат Умедоваи 43-сола, яке аз маҷрӯҳони таркиши балоги газ дар ноҳияи Панҷ, ки дар шуъбаи эҳё буд, ҷон дода, вазъи 7 нафари дигар то ҳол вахим аст. Дар ин бора аз Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Манбаъ гуфт, ҳамчунин 9 маҷруҳи дигар аз беморхонаи марказии ноҳияи […]

Субҳи имрӯз, 26-уми май, Каромат Умедоваи 43-сола, яке аз маҷрӯҳони таркиши балоги газ дар ноҳияи Панҷ, ки дар шуъбаи эҳё буд, ҷон дода, вазъи 7 нафари дигар то ҳол вахим аст. Дар ин бора аз Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Манбаъ гуфт, ҳамчунин 9 маҷруҳи дигар аз беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ рухсат дода шуда, таҳти назорати табибон қарор доранд.

“Ҳоло 14 нафар маҷрӯҳ дар беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ, 2 нафар дар беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтар ва 2 нафари дигар дар беморхонаи шаҳрии рақами 3-и Душанбе бистарӣ ҳастанд”, – гуфтанд аз Вазорат.

Аз Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ гуфтанд, аъзои бадани зани фавтида 70 фисад сухта буд.

Ба иттилои онҳо, ҳоло 7 нафар, аз ҷумла 2 кӯдаки хурдсоли 3 ва 4-сола дар шуъбаи наҷот қарор доранд. 7 нафари дигар дар шуъбаи ҷарроҳӣ бистарӣ шудаанд.

Хотиррасон мекунем, ки рӯзи 20-уми май дар нуқтаи омода кардани хӯрокҳои зудтайёр дар маркази ноҳияи Панҷ балони гази моеъ таркид. Дар натиҷаи ин ҳодиса 28 нафар ҷароҳат бардоштанд. Синну соли қурбониён аз 3 то 70-сола мебошад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби таркишро риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми пур кардани балон бо гази моеъ номид. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.