Чоряк аср дар сари қудрат. Пирӯзии навбатии Эрдуғон дар интихобот

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки аллакай 20 сол боз Туркияро сарварӣ мекунад, бе душворӣ дар интихоботи навбатӣ ғолиб омада, ҳуқуқ пайдо кард, ки боз панҷ соли дигар сари қудрат монад. Дар даври дуюми интихобот рӯзи якшанбе Эрдуғон аз номзади мухолифини муттаҳид Камол Қиличдароғлу 2 млн зиёдтар овоз гирифт. Тавре ки ВВС хабар медиҳад, дар бораи ташкили […]

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки аллакай 20 сол боз Туркияро сарварӣ мекунад, бе душворӣ дар интихоботи навбатӣ ғолиб омада, ҳуқуқ пайдо кард, ки боз панҷ соли дигар сари қудрат монад.

Дар даври дуюми интихобот рӯзи якшанбе Эрдуғон аз номзади мухолифини муттаҳид Камол Қиличдароғлу 2 млн зиёдтар овоз гирифт.

Тавре ки ВВС хабар медиҳад, дар бораи ташкили раъйдиҳӣ ва шумориши овозҳо ҳеҷ шикояти ҷиддӣ вуҷуд надошт, аммо мухолифон интихоботро озод намешуморанд.

Дар даври аввали ду ҳафта пеш ба Эрдуғон барои пирӯзӣ ним фоиз овозҳо намерасид, вале дар даври дуюм беш аз 52 фоизи овозҳоро ба даст овард.

Қобили зикр аст, ки дар даври аввали интихоботи рӯзи 14 май дар Туркия 3 номзад барои курсии президентӣ довталабӣ карданд

Камол Қиличдароғлуи 74-сола номзади ягона аз Эътилофи ҷумҳурихоҳон рақиби асосии Эрдуғон, президенти феълии 69-сола буд. Номзади мухолифинро 7 ҳизби Туркия ҷонибдорӣ карданд.

Эрдуғон дар даври аввал зиёда аз 49% ва Қиличдароғлу ҳудуди 45%-и овозҳоро ба даст овард. Номзади сеюм Синон Огани 55-сола ҳудуди 5%-ро овозҳоро ба даст овард. Синон Оган изҳор дошта буд, ки дар даври дуюм президенти феълиро дастгирӣ мекунад.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, президенти Сербия Александр Вучич ва раиси ҳукумати ваҳдати миллии Либия Абдулҳамид Дбейба Эрдуғонро ба муносибати пирӯзиаш дар даври дуюми интихобот табрик карданд, хабар медиҳад ТАСС.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.