Сафорат гуфт, муҳоҷирони боздоштшудаи Котелники озод гардиданд

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки рӯзи 20-уми майи соли равон дар минтақаи Котелникии вилояти Москва аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия боздошт шуда буданд, баъди тафтиши ҳуҷҷатҳои иқомат озод шудаанд. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як изҳорот хабар додааст. Манбаъ менависад, ки сафорат аз ҳолати баргузории амалиёти боздошти муҳоҷирони тоҷик дар ҷараён […]

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки рӯзи 20-уми майи соли равон дар минтақаи Котелникии вилояти Москва аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия боздошт шуда буданд, баъди тафтиши ҳуҷҷатҳои иқомат озод шудаанд. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як изҳорот хабар додааст.

Манбаъ менависад, ки сафорат аз ҳолати баргузории амалиёти боздошти муҳоҷирони тоҷик дар ҷараён аст ва ҳоидсаи мазкур зери назорат ва пайгирии сафорат қарор дорад.

“Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳ мерасонад, ки шаҳрвандони боздоштшуда пас аз тафтиши ҳуҷҷатҳои будубошашон аз шӯъбаи корҳои дохилии ин минтақа озод шудаанд”, – омадааст дар изҳороти сафорати Тоҷикистон.

Дар баёнияи расмии ин ниҳоди дипломатӣ гуфта нашудааст, ки дар ҷараёни амалиёти мақомоти Русия дар минтақаи Котелники чанд муҳоҷир боздош гардида буданд.

Дар ҳамин ҳол, давоми чанд рӯз аст, шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳру вилоятҳои алоҳидаи Русия мавриди боздошт ва латукӯби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар қарор мегиранд. Аз ҷумла, полиси Русия шаби 23-24-уми май қариб 100 муҳоҷири тоҷикро дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав боздошт карда буданд.

Ҳамчунин, рӯзи 19-уми майи соли равон беш аз 100 донишҷӯи тоҷики донишгоҳи Комсомолски лаби Амур аз сӯи нерӯҳои амниятии минтақаи Хабаровск мавриди латукӯб ва муносибати бераҳмона қарор гирифтанд.

Дар пайи ин ҳодисаҳо, мақомоти Тоҷикистон вокуниш карданд. Аз ҷумла, рӯзи 24-уми май Семён Григорев, Сафири Русия дар Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват ва изҳори нигаронии ҷониби Тоҷикистон дар робита ба боздошти дастаҷамъонаи шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳар гуна баҳона дар Русия расонида шуд.

ВКХ гуфт, “чунин ҳодисаҳо ба рӯҳи муносибатҳои шарокати стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Россия муносиб набуда, метавонанд ба талошҳои ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф зиён расонанд”.

Ҳамчунин, Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон аз ҳамтои русаш Татяна Москалкова бо ирсоли нома хост, ки ба қазияи латукӯби донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи техникии шаҳри Комсомолски лаби Амур аз сӯи нерӯҳои вижаи минтақаи Хабаровск дахолат карда, ба тафтиши холисонаи ҳодиса мусоидат намояд.

Дар пайи ин, субҳи имрӯз ВКД хабар дод, ки Раҳимзода Рамазон, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба рейдҳои мақомоти Русия дар дар шаҳраки Котелники ва дигар шаҳрҳои Русия, ҳамчунин латукӯб ва шиканҷа беш аз сад донишҷӯи тоҷик ба Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия барқия ирсол намуда, хоҳиш кардааст, ки ҳодисаҳои мазкур холисона баррасӣ гардида, “таҳти назоратбарӣ қарор додани онҳо мусоидат намояд”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.