Аз меъёри иқлимӣ баланд. Обуҳавои Тоҷикистон дар моҳи якуми тобистон

Моҳи июн қариб дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон обуҳавои гарм пешгӯӣ мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ. Обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки дар баъзе минтақа ва ноҳияҳо ҳарорати миёнаи моҳона 1-2 дараҷа баландтар аз меъёри иқлимӣ дар назар аст. Ҳавои нисбатан гармтар дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои дар водӣ ҷойгиршудаи тобеи марказ пешгӯӣ мешавад. […]

Моҳи июн қариб дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон обуҳавои гарм пешгӯӣ мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки дар баъзе минтақа ва ноҳияҳо ҳарорати миёнаи моҳона 1-2 дараҷа баландтар аз меъёри иқлимӣ дар назар аст.

Ҳавои нисбатан гармтар дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои дар водӣ ҷойгиршудаи тобеи марказ пешгӯӣ мешавад.

Дар ҷануби Тоҷикистон ҳарорати миёнаи моҳона дар водиҳо 24-29 ва дар доманакӯҳҳо 22-24 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар нимаи дуюми моҳ дар ин ҷо болоравии ҳарорат шабона то 20-25 ва рӯзона 35-40, дар ҷануб то 45 дараҷа дар назар аст. Дар доманакӯҳҳо шабона 15-20 ва рӯзона 32-37 дараҷа гарм мешавад.

Миқдори боришоти моҳона пасттар аз меъёр ва баъзан дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешбинӣ мешавад. Дар аввал ва нимаи моҳ борону раъду барқ аз эҳтимол дур нест.

Дар Душанбе ҳарорати миёнаи моҳона 2 дараҷа баландтар аз меъёри иқлимӣ дар назар буда, 24-29 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар нимаи аввали моҳ ҳарорат шабона 14-19 ва рӯзона – 29-34 дараҷа гарм мешавад. Нимаи дуюми моҳ болоравии ҳарорат шабона то 25 ва рӯзона то 40 дараҷа гарм дар назар аст.

Миқдори боришоти моҳона дар Душанбе дар ҳудуди меъёри иқлимӣ (20 мм) пешбинӣ мешавад. Дар аввал ва нимаи моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат бо раъду барқ аз эҳтимол дур нест.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳона дар ҳудуди меъёр ва баъзан 1 дараҷа баландтар аз меъёри иқлимӣ дар назар буда, дар водиҳо 25-27 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ – 12-14 дараҷа гармро ташкил медиҳад.

Нимаи аввали моҳ дар шимоли кишвар тағйирёбии ҳарорат дар назар аст: шабона 11-16, рӯзона аз 25-30 то 31-36, дар кӯҳҳо шабона аз 5-10 то 8-13, рӯзона аз 15-20 то 21-26 дараҷа гарм.

Нимаи дуюми моҳ болоравии ҳарорат дар водиҳо шабона то 19-24 ва рӯзона 35-40, дар кӯҳҳо шабона 12-17 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

Миқдори боришоти моҳона дар вилояти Суғд дар ҳудуди меъёр ва баъзан баландтар (меъёр: дар водиҳо 4-5 мм, дар доманакӯҳҳо – 5-15 мм ва кӯҳҳо – 21-35 мм) дар назар аст.

Дар даҳаи аввал ва дуюми моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат бо раъду барқ аз эҳтимол дур нест.

Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ ҳарорати миёнаи моҳона 17-20 дараҷа гармро ташкил медиҳад. Баъзан 1 дараҷа поинравии ҳарорат аз меъёри иқлимӣ ба мушоҳида мерасад.

Нимаи аввали моҳ ҳарорат шабона аз 8-13 то 11-16 ва рӯзона аз 19-24 то 22-27 ва баъзан то 32 дараҷа гарм мешавад.

Нимаи дуюми моҳи июн болоравии ҳарорат шабона то 13-22 ва рӯзона то 38 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад. Миқдори боришоти моҳона баъзан баландтар аз меъёр (меъёр 35-55 мм, дар ғарби ВМКБ – 8-20 мм) дар назар аст.

Дар давоми моҳ боридани боронҳои кӯтомуддат бо раъду барқ аз эҳтимол дур нест.

Дар ноҳияҳои шарқи ВМКБ ҳарорати миёнаи моҳона дар ҳудуди 10 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад. Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат дар назар аст: шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, баъзан то 10 дараҷа гарм, рӯзона 12-18, баъзан то 22 дараҷа гарм. Миқдори боришоти моҳона дар шарқи ВМКБ баъзан баландтар аз меъёр – 8-16 мм пешгӯӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.