Омодагии Доғистон ба бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистон

Президенти Палатаи савдо ва саноати Доғистон Бадрутин Магомедов рӯзи 30 май зимни вохӯрӣ бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода гуфтааст, Доғистон ба бунёди неругоҳҳои хурди барқи офтобӣ дар минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон омода аст, хабар медиҳад Интерфакс. “Доғистон барои шумо, бахусус дар Помир, минтақаҳои баландкӯҳ метавонад неругоҳҳои хурди барқи офтобӣ созад. Ширкати мо ҶДММ “Дагкремний” […]

Интерфакс

Президенти Палатаи савдо ва саноати Доғистон Бадрутин Магомедов рӯзи 30 май зимни вохӯрӣ бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода гуфтааст, Доғистон ба бунёди неругоҳҳои хурди барқи офтобӣ дар минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон омода аст, хабар медиҳад Интерфакс.

“Доғистон барои шумо, бахусус дар Помир, минтақаҳои баландкӯҳ метавонад неругоҳҳои хурди барқи офтобӣ созад. Ширкати мо ҶДММ “Дагкремний” дар сохтмони чунин неругоҳҳо дар Бангладеш ва Непал таҷриба дорад. Ва ба фикри ман, ин самти ояндадор аст”, – иброз доштааст Магомедов.

Ӯ илова намудааст, ки ҶСП “Мушорака”-и Доғистон, ки барои обрасонӣ (водопровод) қубур ва дигар қисмҳо истеҳсол мекунад, ба истеҳсоли обгармкунакҳои офтобӣ оғоз намуд.

“Миқдори начандон зиёди нури офтоб кофист, ки хонаи ҳамдиёрони шумо бо оби гарм таъмин бошад”, – шарҳ додааст Магомедов.

Тавре ки дар Телеграм-канали Вазорати рушди иқтисоди Доғистон хабар дода мешавад, Гулмаҳмадзода инчунин бо соҳибкорон дидору гуфтушунид кардааст.

“Ин вохӯрӣ ба рушди минбаъдаи ҳамкории мо мусоидат мекунад. Солҳои охир густариши робитаҳои тиҷоратиро байни кишварҳоямон мушоҳида мекунем. Доғистон ҷумҳурии аграрӣ буда, мо ба ҳамкорӣ бо шумо манфиатдорем. Нисбат ба содирот мо бештар ворид мекунем, лекин дар истеҳсоли пахта, меваҳои барвақтӣ, ангур, интиқоли мева ва хушкмева таҷрибаи хуб дорем”, – изҳор доштааст сафир.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.