Зардолуи Ашт ба Эрону Дубай ва Арабистони Саудӣ фурӯхта мешавад

Соҳибкорони  тоҷик тасмим гирифтаанд, ки содироти зардолуро  ба давлатҳои Эрон ва Арабистони Саудӣ ба роҳ монанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ноҳияи Ашт иттилоъ доданд. Бахтиёр Усмонов, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт зимни суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, то ба имрӯз корхонаҳои коркарди меваи ҳудуди вилояти Суғдро бо беш аз 1 ҳазору 400 тонна […]

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Соҳибкорони  тоҷик тасмим гирифтаанд, ки содироти зардолуро  ба давлатҳои Эрон ва Арабистони Саудӣ ба роҳ монанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ноҳияи Ашт иттилоъ доданд.

Бахтиёр Усмонов, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт зимни суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, то ба имрӯз корхонаҳои коркарди меваи ҳудуди вилояти Суғдро бо беш аз 1 ҳазору 400 тонна зардолу таъмин карда, ба Русияву Қазоқистон 3 ҳазору 100 тонна зардолу содир кардаанд.

Ҳамакнун, барои ба давлатҳои Эрону Арабистони Саудӣ содир кардани ин навъи мева гуфтушунид доранд.

“Чанд сол ин ҷониб Пӯлод Ашӯров, соҳибкор аз ноҳия Ашт, зардолуи тару хушкро ба Дубай содир мекунад. Ҳоло аз давлатҳои Арабистони Саудӣ ва Эрон ҳам харидорон пайдо шудаанд. Дар наздиктарин фурсат содироти зардолуи Ашт ба ин кишварҳо ҳам оғоз мешавад”, – гуфт сухангӯи раиси ноҳияи Ашт Ҳаётҷони Одил.

Бояд гуфт, ки ноҳияи Ашт дар вилояти Суғд ҷойгир шуда, яке аз маконҳои ҷамъоварии зардолу ба ҳисоб меравад. Дар ин ноҳия 16 ҳазор гектар боғи зардолу буда, 8,5 ҳазор гектари он ҳосилдиҳанда мебошад.

Деҳқонони ноҳия мегӯянд, ки имсол ҳосили зардолу хуб буда, тахмин карда мешавад, ки то 24 ҳазор тонна зардолу ҷамъоварӣ гардад.

Суғд интизори ҷамъоварии беш аз 100 ҳазор тонна зардолу

Дар умум, бино ба маълумоти  Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, дар ҳудуди вилоят беш аз 35 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд буда, соли гузашта 56 ҳазор тонна зардолу ҷамъоварӣ шудааст. Аз ин миқдор, 7 ҳазору 900 тонна зардолу Русия ва Қазоқистон содир шудааст.

“Айни ҳол ҷамъоварии зардолу дар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дошта, дар назар аст, ки то 100 ҳазор тонна зардолу ҷамъоварӣ карда шавад. То 1-уми июни соли ҷорӣ, аз вилояти Суғд 5 ҳазору 827 тонна зардолу ба Русия ва Қазоқистон содир шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта, 3 ҳазору 127 тонна зиёд  мебошад”, – гуфт Абдуазиз Маҳсудзода, муовини сардори Сарраёсати кишиварзии вилояти Суғд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки парвариш ва истеҳсоли зардолу дар шимоли Тоҷикистон асосан дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шудааст. Ҳамасола ҳазорҳо  тонна зардолу ва хушкмеваи он ба хориҷи кишвар содир гардида, он яке аз манбаъҳои даромади сокинон маҳсуб меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.