Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказро тӯфони чангу ғубор фаро мегирад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар вилояти Хатлон ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шиддатёбии вазиши шамол аз самти ҷанубу-ғарб дар ноҳияҳои алоҳида то 15-20м/с дар назар буда, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

“Рӯзҳои 24-25 июн дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, минтақаи Кӯлоб, Ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳри Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз самти ҷанубу-ғарбӣ, ба кишвар ворид мегардид), баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) пешбинӣ мешавад”, – омадааст дар хабари обуҳавошиносон.

Ҳамчунин гуфта мешавад, рӯзҳои 23-24 июн дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарби ВМКБ ба амал омадани зуҳуроти сели пиряхӣ пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Ноҳияҳои тобеи марказ ба амал омадани зуҳуроти сели хусусияти маҳаллӣ дошта аз эҳтимол дур нест.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти таҳқиқоти гурӯҳҳои коршиносон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, қаъри хушкшудаии баҳри Арал, биёбонҳои Қароқум ва Қизилқум манбаи асосии тундбоди регу чангу хоканд, ки ба экологияи Точикистон тахдид мекунанд.

Тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон аз Афғонистон ҳам меояд. Боз манбаъҳои маҳаллии тӯфонҳои қум ва чанг вуҷуд доранд. Онҳо дар ҷанубу ғарби мамлакат дар мавзеъҳои резишгоҳи дарьёҳои Вахш ва Кофарниҳон, инчунин ба резишгоҳи миёнаи дарьёи Сир, ки аз он ҷо ба “Баҳри тоҷик” ҷорӣ мешавад, алоқаманданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...