ВКД муноқишаи наврасон ва марги як нафарро дар Душанбе шарҳ дод

Asia-Plus

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” ҷузъиёти муноқиша байни ду гурӯҳи наврасонро, ки дар натиҷа як нафар ҷон бохтааст, шарҳ дод.

Барномаи мазкур шоми 21-уми июн пахш шуд, аммо ҳодиса рӯзи 9-уми июн рух додааст.

Сироҷиддин Шакурӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни гузориши телевизионӣ гуфт, муноқиша аз баҳси лафзии ду наврас дар шабакаи иҷтимоӣ оғоз шуда, бо марги як нафар ба анҷом расидааст.

“Рӯзи 9-уми июн Беҳрӯз Давлатов дар шабакаи иҷтимоии Instagram бо Солеҳ Зокирҷонзода вориди баҳси лафзӣ шуда, онҳо ҳамдигарро бо алфози қабеҳ таҳқир кардаанд. Баъдан, барои ҳалли моҷаро онҳо дар кӯчаи А .Навоӣ, маҳаллаи 91-уми Душанбе мулоқот таъин кардаанд”, – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Шакурӣ, Солеҳ Зокирҷонзода бо се ҳамроҳаш ва Беҳрӯз Давлатов бо чаҳор дӯсташ бо корд мусаллаҳ шуда, ба макони маслиҳатшуда ҳозир шудаанд.

“Мувофиқи маълумотҳои назорати видеоӣ, соати 21:57 дар назди маркази бозиҳои компютерӣ задухӯрд сар зад. Дар ҷараёни занозанӣ яке аз бачаҳо Солеҳ Зокирҷонзодаро латукӯб карда, ба ӯ ду корд задааст. Худи Беҳрӯз Давлатов ба шиками Солеҳ боз як зарбаи сахт мезанад. Дар натиҷаи талафи зиёди хун Солеҳ ба ҳалокат расидааст”, – гуфт Шакирӣ.

Сироҷиддин Шакурӣ гуфт, аз рӯи ин далел 9 нафар боздошт шуда, тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...