Амруллоҳ Солеҳ: Миёни Вашингтон ва Толибон паймони пинҳонӣ вуҷуд дорад

Амруллоҳ Солеҳ, муовини пешини Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури фирории Афғонистон аз сиёсатмадорони ин кишвар хостааст, ки “мунтазири Амрико нашаванд ва ба муқовимати мусаллаҳона” шурӯъ кунанд. Ӯ ин даъвати худро дар сафҳаи Twitter навишта, бо назардошти суханони ахири Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, ки гуфт, “Ал-Қоида* дигар дар Афғонистон вуҷуд надорад”, таъкид кардааст, “миёни Вашингтон ва Толибон* […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Амруллоҳ Солеҳ, муовини пешини Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури фирории Афғонистон аз сиёсатмадорони ин кишвар хостааст, ки “мунтазири Амрико нашаванд ва ба муқовимати мусаллаҳона” шурӯъ кунанд.

Ӯ ин даъвати худро дар сафҳаи Twitter навишта, бо назардошти суханони ахири Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, ки гуфт, “Ал-Қоида* дигар дар Афғонистон вуҷуд надорад”, таъкид кардааст, “миёни Вашингтон ва Толибон* паймони пинҳонӣ вуҷуд дорад”.

Амруллоҳ Солеҳ зикр намуда, ки равобити Амрикову Толибон бояд ба қишри хирадманди табақаи сиёсии Афғонистон рӯшан карда бошад, ки “давраи интизор ва бубинем, ки чӣ мешавад” тамом шудааст.

“Мо бояд муттаҳид шавем ва ба муқовимати мусаллаҳона шурӯъ кунем”, – иброз доштааст Амруллоҳ Солеҳ.

Ӯ тавофуқи дар шаҳри Давҳаи Қатар миёни Толибон ва ИМА басташударо “дасиса барои ба кор гирифтани Толибон ба унвони як абзори геополитикӣ” номида, гуфтааст, ки “Толибон як таҳдиди ошкор ва пинҳонӣ барои ҳама кишварҳои минтақа ба ҷуз Покистон аст”.

Гуфтан ба маврид аст, ки Амруллоҳ Солеҳро ғолибан кушта шудани Айман аз-Завоҳирӣ, яке аз роҳбарони Ал-Қоида дар Кобул ва бо вуҷуди ин, “Ал-Қоида дигар дар Афғонистон вуҷуд надорад” гуфтани Ҷо Байден дар як нишасти хабарӣ, ба навиштани ин матлаб водор сохтааст.

Ёдовар мешавем, ки Амруллоҳ Солеҳ то замони суқути низоми ҷумҳурӣ дар Афғонистон дар тобистони соли 2021 ва ба сари қудрат омадани Толибон ба ҳайри ноиби Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури фирории Афғонистон фаъолият дошт. Баъд аз шикасти Кобул ба дараи Панҷшер рафт ва худро сарпарасти қонунии курсии раисиҷумҳури Афғонистон эълон кард. Ҳоло дақиқан маълум нест, ки ӯ дар куҷо ба сар мебарад ва ба чӣ кор машғул аст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.